Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маркази таълимӣ оид ба омода намудани мутахассисони хурди касбӣ таъсис меёбад

Январь 25, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 25.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 январ бо мақсади  густариши ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои кореягӣ ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода бо директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шодиёна консалтинг», ки он ҳамзамон директори лоиҳаи корпоратсияи EFC-и Ҷумҳурии Корея мебошад, вохӯрӣ намуд.

Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад,  зимни вохӯрӣ масъалаҳо роҷеъ ба таъсис ва ташкили фаъолияти Маркази таълимӣ оид ба омода намудани мутахассисони хурди касбӣ барои таъмини рушди шуғл дар бозори меҳнат дар заминаи донишгоҳ баррасӣ гардида, ҷонибҳо шарномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Имзои шартномаи ҳамкорӣ қадами муҳим дар самти омода намудани кадрҳои соҳибихтисос дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ аз рӯи самтҳои гуногуни фаъолият ва омӯзиши забони кореягӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки 8 июли соли 2024 байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва корпоратсияи EFC-и Ҷумҳурии Корея ёддошти ҳусни тафоҳуми сеҷониба ба имзо расонида шуд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Январь 25, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд