Дар Душанбе 17 гузаргоҳи пиёдагард барои пешгирии танбашавии мошинҳо аз байн бардошта шуд
ДУШАНБЕ, 16.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо мақсади танзими ҳаракати нақлиёт ва пешгирии танбашавӣ дар роҳҳо 17 гузаргоҳи пиёдагард аз байн бардошта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ин гузаргоҳҳо ба ҳам наздик буда, ба қобилияти гузариши роҳҳои автомобилгард таъсири манфӣ мерасонданд. Санҷиши мутахассисон нишон дод, ки ҷойгиршавии гузаргоҳҳо ба меъёрҳои муқарраршуда мувофиқат намекунад.
Бо супориши роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мутахассисон ин гузаргоҳҳоро аз байн бардоштанд.
Корҳо дар доираи барномаи беҳтар кардани инфрасохтори нақлиётии шаҳр, ки барои ронандагон ва пиёдагардон шароити бехатар ва бароҳатро фароҳам меорад, идома хоҳанд ёфт.
АКС аз манбаъҳои боз








Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст






