Дар Душанбе ҷаласаи ҳамоҳангсозии сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳамоҳангсозии сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат доир гардид, ки зимни он вобаста ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкиму тақвият бахшидани қудрати дифоии мамлакат сухан гуфта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки дар шароити рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ, авҷ гирифтани ҳар гуна зуҳуроту хатарҳои глобалӣ ва вазъи ноорому пешгӯйинашавандаи ҷаҳони муосир хизматчиёнии ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ ва кормандони сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро зарур аст, ки дар иҷрои вазифаҳои касбию хизматии хеш масъулияти баланд зоҳир намуда, чун ҳарвақта ҳушёру зирак бошанд ва бо ҳамкорию ҳамгироии муштарак дар таъмини амнияти давлату миллат, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи марзу буми Ватан аз худ саҳми арзанда гузоранд.
Дар ҷаласа вобаста ба чорабиниҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар давраҳои пешбинигардидаи соли 2025 масъулини Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ иброз доштанд, ки мақомоти давлатии даъват ва дигар ниҳодҳои вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ-ҷамъиятиро зарур аст, ки фаъолияти комиссияҳои даъватиро дар асоси талаботи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи соҳа амалӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар ва сифатан хуб гузаронидани чорабиниҳои даъватӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Зимни баррасии масъалаҳо дар самти ҷамъомадҳои мудофиаи ҳудудӣ ва омодагии захираҳои сафарбарӣ ҳамоҳангии сохторҳои марбута дар таъмин ва омӯзиши ҳаматарафаи ин захираҳо муҳиму зарурӣ арзёбӣ гардид.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид






