Дар Душанбе ҷаласаи Шурои тандурустии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад

Январь 9, 2025 13:55

ДУШАНБЕ, 09.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои тандурустии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар ин хусус 8 январ зимни натиҷагирии  фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар соли 2024 иттилоъ дода шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, соли 2024 дар ҷаласаи 37-уми Шурои тандурустии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси раис интихоб шуд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази диққати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд. Соли 2025 буҷети давлатии соҳаи тандурустӣ нисбат ба соли 2024   840 миллион сомонӣ зиёд пешбинӣ шудааст.

Соли 2024 бо мақсади беҳтарсозии ҳолати инфрасохтори шабакаи муассисаҳои тандурустӣ бо истифода аз тамоми сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ 115 муассисаи тандурустӣ ба истифода дода шуд. Дар 112 муассисаи тандурустӣ сохтмон идома дорад. Ҳамзамон дар ин муддат дар 366 муассисаи дигар таъмири асосӣ гузаронида шуд.

Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 67 корхонаи ватанӣ зиёда аз 598 намуд ва 351 номгӯй дорую молҳои тиббиро истеҳсол ва гиёҳҳои шифобахши ватаниро коркарду бастабандӣ мекунад. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мутаносибан 6 корхона, 27 намуд ва 26 номгӯй дору ва моли тиббӣ зиёд мебошад.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 9, 2025 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд