Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ДУШАНБЕ, 13.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои довталабони сертификати «С» ба анҷом расиданд. Барнома аз ду марҳила иборат буд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дастурдиҳандаи асосии даврҳои мураббигӣ сармураббии бошгоҳи футболи «Барқчӣ» ва мураббии тими миллии Тоҷикистон Алифбек Беромов буда, ба ӯ Салоҳиддин Ғафуров ва Алишер Тӯйчиев ёрӣ расониданд.
19 довталаб барои дарёфти иҷозатномаи мураббигӣ аз рӯи барномаи «С» ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Барномаи даврҳо аз дарсҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буд. Пас аз хатми даврҳо донишҷӯён аз рӯйи барномаи таълимии анҷомёфта имтиҳон супориданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд






