Дар Душанбе Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои соҳаи санъат» таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 18.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 январи соли равон Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои соҳаи санъат»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
«Маркази рушди истеъдодҳои соҳаи санъат» бо мақсади мусоидат намудан ба рушди соҳаи санъат ва арзишҳои фарҳангӣ таъсис дода мешавад.
Муассисаи мазкур дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида бақайдгирии давлатӣ ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои зарурии фаъолияти муассисаро ба анҷом мерасонад.
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки барои таъмин намудани муассиса бо бинои маъмурӣ чораандешӣ намояд.








Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор шуд
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Антверпен робитаҳои фарогир таҳким меёбанд
Даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ «САБЗ». Дар пойтахт давоми 9 соли охир зиёда аз 130 миллион дона гули мавсимию бисёрсола шинонида шудааст






