Дар Душанбе оид ба интихобот машварати омӯзишӣ доир гардид

Январь 28, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 28.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мавзуи «Иштироки ҲХДТ дар интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода оид ба баргузор намудани ин чорабинии муҳимми сиёсӣ, ки аз ҳар шаҳрванди мамлакат масъулияти бузург ва зиракии сиёсӣ талаб менамояд, сухан гуфт.

Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода иброз дошт, ки мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди интихобот ҳама ҳизбҳои сиёсии амалкунанда ҳуқуқҳои баробар дошта, дар интихобот метавонанд фаъолона иштирок намоянд.

Таъкид шуд, ки ҷомеаи мутамаддинро бе раванди интихоботи демократӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Интихобот дар низоми демократӣ яке аз муҳимтарин падидае аст, ки ифодаи ирода ва иштироки бевоситаи халқро дар идора кардани давлат таъмин менамояд.

Иштирокчиён иброз намуданд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иштироки Воситаҳои ахбори омма дар давраи интихобот меъёрҳои мушаххас муқаррар кардааст. Ҳар меъёри муқарраршуда ба шаффоф, озод ва ошкоро гузаронидани интихобот равона гардидааст. Аз ин лиҳоз мебояд ҳар намояндаи воситаҳои ахбори омма бо масъулияти баланди касбӣ ва ватандӯстӣ ба интихобот муносибат намояд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Маликшо Неъматзода таъкид намуд, ки ҳар нафар ва ҳар ниҳоде, ки дар интихоботи дарпешистода масъул мебошад, бояд қонунҳои амалкунанда ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро пурра мавриди амал қарор дода, дар шаффоф ва озоду демократӣ гузаштани он саҳм гузорад.

АКС: Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Январь 28, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон