Дар Институти химия озмоишгоҳи маводи ба коррозия устувор бо асбобу технологияҳои муосир ифтитоҳ гардид

Январь 6, 2025 16:35

ДУШАНБЕ, 06.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи замонавии маводи ба коррозия устувор бо асбобу технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, самти асосии таҳқиқоти илмии озмоишгоҳ таҳияи асосҳои назариявӣ ва технологии синтези хӯлаҳои ба коррозия тобовар дар асоси алюминий, руҳ ва сурб барои эҳтиёҷоти технологияҳои нав, инчунин назарияи ҷавҳаронидани ин хӯлаҳо барои ба коррозия тобовар кардан мебошад.

Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки илми ҷумҳурӣ дар масири Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду пешрафти беандоза намуда, ба дастовардҳои беназир ноил гардид.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 майи соли 2024 дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат масоили мубрами пайванди илм бо истеҳсолотро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, таъкид доштанд, ки яке аз тадбирҳои аввалиндараҷа барои пайванди илм бо истеҳсолот- ин таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо техникаю технологияҳои муосир дар пояи муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ба ҳисоб меравад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Январь 6, 2025 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд