Дар Минск таҳти раёсати Тоҷикистон машваратҳои сиёсӣ бахшида ба такмили фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 25.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-24 январи соли 2025 дар Минск таҳти раисии сардори раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода бахшида ба такмили фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки зимни машваратҳо оид ба масъалаҳои имкони муносибтар гардонидани раванди қабули қарорҳо, таҳкими заминаи институтсионалии ҳамкорӣ, таҷдиди ҳадафу вазифаҳо, инчунин заминаи меъёрию ҳуқуқии Иттиҳод табодули афкори пурмуҳтаво доир шуд.
Роҳбарони воҳидҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчунин масъалаи татбиқи ташаббусҳои пешниҳоднамудаи сарони давлатҳоро баррасӣ карданд.
Аз натиҷаи машваратҳо барои идомаи раванди музокирот бахшида ба такмили Иттиҳод дар ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мувофиқа ҳосил гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






