Дар Минск таҳти раёсати Тоҷикистон машваратҳои сиёсӣ бахшида ба такмили фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуданд

Январь 25, 2025 10:44

ДУШАНБЕ, 25.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-24 январи соли 2025 дар Минск таҳти раисии сардори раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода бахшида ба такмили фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки зимни машваратҳо оид ба  масъалаҳои имкони муносибтар гардонидани раванди қабули қарорҳо, таҳкими заминаи институтсионалии ҳамкорӣ, таҷдиди ҳадафу вазифаҳо, инчунин заминаи меъёрию ҳуқуқии Иттиҳод табодули афкори пурмуҳтаво доир шуд.

Роҳбарони воҳидҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчунин масъалаи татбиқи ташаббусҳои пешниҳоднамудаи сарони давлатҳоро баррасӣ карданд.

Аз натиҷаи машваратҳо барои идомаи раванди музокирот бахшида ба такмили Иттиҳод дар ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мувофиқа ҳосил гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 25, 2025 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд