Дар натиҷаи заминларза дар Чин 95 нафар ҳалок гардида, 130 нафар захмӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 07.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари заминларза бо шиддати 6,8 дараҷа дар маҳаллаи Динжи (Тингри)-и шаҳри Шигатзеи ноҳияи мухтори Ситсзан (Чини Ҷанубу Ғарбӣ) 95 нафар ҳалок шуда, 130 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дар ин хусус ситоди фавқулода оид ба бартарафнамоии оқибатҳои заминларза хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа».
Раёсати зилзилашиносии Чин ба вокуниши изтирории сатҳи 2 шуруъ карда, барои кумак расонидан дар рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба минтақаи заминларза гурӯҳи корӣ фиристод.
Тибқи иттилои Маркази зилзилашиносии Чин, маркази заминларза дар нуқтаҳои 28,50-и дараҷаи арзи шимолӣ ва 87,45-и дараҷаи тӯли шарқӣ воқеъ будааст. Маркази манбаи зилзила дар умқи 10 километр ҷойгир гардидааст.
Маркази заминларза дар минтақаи Тсогои ноҳияи Динжи ҷойгир будааст.
АКС аз бойгонӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






