Дар ноҳияи Ишкошим пайомадҳои тарма бартараф карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 07.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар километри 31-уми шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим, ки аз ҳудуди шаҳраки Барҷири Ҷамоати деҳоти ба номи А.Замирови ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегузарад, ҳодисаи тармафароӣ сабт шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Борише, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи он ҳушдор дода буд, боиси фаромадани тарма гардид. Фаромадани тарма ҳаракати нақлиётро дар роҳҳои мамлакат дучори мушкилӣ намуд.
Ҳоло як қитъаи ин роҳ аз ҷониби неру ва воситаҳои хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тоза карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, шимоли вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма ва сангрезӣ боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолиро даъват менамояд, ки дар чунин рӯзҳо ҳушёриро аз даст надиҳанд ва то ҳадди имкон аз ҳаракат дар қитъаҳои хатарноки роҳҳо, ҷамъоварии ҳезум ва чорвочаронӣ худдорӣ намоянд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






