Дар ноҳияи Рашт соҳили дарёи Сурхобро мустаҳкам карданд
РАШТ, 12.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо сабаби баланд шудани сатҳи оби дарёи Сурхоб солҳои 2024-2025 дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт таҳдиди шусташавии шоҳроҳи байналмилалӣ дар километрҳои 174-175-уми шоҳроҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт, сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ба амал омад. Бо дастгирии дирексияи сохтмонии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳудуди роҳи байналмилалӣ 800 метр соҳил мустаҳкам карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои минтақаи Рашт иттилоъ доданд.
Километри 250-уми шоҳроҳи байналмилалӣ дар ноҳияи Лахш, ки соли 2024 дар натиҷаи омадани сели азим дар тобистон шуста шуда, барои рафтуомади сокинон роҳи яктарафа ташкил шуда буд, аз ҳисоби маблағҳои Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Лахш барои дар сатҳи баланд гузаронидани зимистон таъмир ва дар масофаи як километр васеъ гардид.
Мувофиқи нақшаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол бояд дар километри 201-уми шоҳроҳи байналмилалии ноҳияи Тоҷикобод корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва дар километрҳои 250, 251, 253 ва 255-уми роҳи ноҳияи Лахш корҳои барқарорсозии қитъаҳои роҳи байналмилалӣ амалӣ гарданд.
Бояд гуфт, ки барои дар сатҳи баланд иҷро намудани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ техникаҳои муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияҳои минтақаи Рашт дар сохтмон, соҳилмустаҳкамкунӣ ва зимни бартараф сохтани зарари офатҳои табиӣ пурра истифода бурда мешаванд.
Мустаҳкамкунии соҳилҳо аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳои муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ба хотири ҳифзи роҳи байналмилалӣ ва аз байн нарафтани ин роҳҳо аз зарари селҳои азими дарёи Сурхоб амалӣ мегардад. Соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳое гузаронида мешавад, ки дарёи Сурхоб ба роҳи байналмилалӣ наздик буда, метавонад ба он зарар расонад.
Агар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи заминҳои корами обӣ ва дигар намуди заминҳои назди дарёи Сурхоб корҳои соҳилмустаҳкамкуниро сари вақт анҷом диҳанд, шоҳроҳи байналмилалӣ аз шусташавӣ эмин мемонад ва садҳо гектар замини корами обӣ ва дигар намуди заминҳои деҳаҳои наздисоҳилӣ ҳифз мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






