Дар ноҳияи Шаҳринав барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихобот машварати омӯзишӣ доир шуд

Январь 22, 2025 16:37

ШАҲРИНАВ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 январ бо иштироки Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода, коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкаҳои интихоботии ноҳияи Шаҳринав машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав  иттилоъ доданд.

Дар машварат ҳозирин доир ба омодагии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот, тартиби ташкили участкаҳои интихоботӣ ва комиссияҳои участкавии интихоботӣ, фаъолияти комиссияҳои поёнии интихоботӣ, тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон дар участкаҳои интихоботӣ, барои шиносоии умумӣ пешниҳод намудани рӯйхатҳо ва таъминоти моддию техникии комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ сухан гуфта, ба саволҳои аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкаҳои интихоботии ноҳияи Шаҳринав ҷавоб доданд.

Зимни машварат аз ҷониби аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати иштирокчиён ба масъалаҳои нақшаҳои кории комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ, шиору овезаҳо доир ба интихобот, баргузории ҷаласаҳои комиссияҳои поёнии интихоботӣ ва сари вақт баррасӣ намудани масъалаҳои дахлдор ҷалб карда шуд.

Ҳамчунин ҳайати гурӯҳи корӣ бо омодагии ҳавзаю участкаҳои интихоботии дар маҳалу мавзеъҳо ташкилшуда  аз наздик шинос гардида, барои сари вақт ислоҳу рафъ намудани норасоиҳои ҷойдошта дастуру тавсияҳои судманд доданд.

    АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Январь 22, 2025 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд