Дар ноҳияи Шуғнон пайомадҳои тарма бартараф карда шуд
ДУШАНБЕ, 06.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар километри 614-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, ки аз ҳудуди минтақаи Ригувеси Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон мегузарад, тарма фаромада, роҳро муваққатан баст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада техникаи хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон ҷалб карда шуд.
Бар асари лағзиши тарма талафоти ҷонию хисороти дигар сабт нашудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, то охири ҳафта дар навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, бахусус дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма ва сангу регу ярч боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд намуда, аз анҷом додани корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар минтақаҳои кӯҳистон худдорӣ кунанд.
Инчунин ҳангоми истифодаи таҷҳизоти барқии гармкунанда қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя намоянд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






