Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст

Январь 12, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 12.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм,  дар шарқи вилоят шабона аз 27-32 то 35-40 дараҷа хунук, рӯзона 9-14 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм,  рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман  мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1 аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук  ва рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.

Январь 12, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе