Дар шаҳри Панҷакент Маркази оши палов бунёд ва Маркази тиббӣ таҷдид мегардад

Январь 21, 2025 11:04

ДУШАНБЕ, 21.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Маркази тиббии «Шифо», ки дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари соҳили рӯди Зарафшон, дар шаҳри Панҷакент воқеъ аст, бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сармоягузории соҳибкор Абдушафеъ Ҳоҷиев таъмиру таҷдид мегардад. Дар дохили он ҳамчунин нахустин Маркази оши палов дар шаҳри Панҷакент  бо тарҳи миллӣ бунёд мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад.

Гуфта шуд, ки бинои маркази тиббӣ таҷдид шуда, ба худ намои нав мегирад ва дар он барои табобату истироҳати мизоҷон  шароити мусоид фароҳам оварда шуда, минбаъд чун табобатгоҳ – осоишгоҳ хизмат мекунад.

Дар як гӯшаи ҳудуди марказ ҳоло сохтмони Маркази оши палов бо тарҳу меъмории миллӣ идома дошта, баъди анҷоми корҳо он ба гӯшаи истироҳат барои меҳмонон ва сокинони шаҳр табдил меёбад.

Баъди таҷдиду анҷоми сохтмони ин иншоот дар онҳо беш аз сад нафар бо кор таъмин мегарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Январь 21, 2025 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди мактаби №35-и деҳаи Шоразми шаҳри Ваҳдат бинои иловагии таълимӣ ва озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ сохта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Рашт ду муассисаи томактабӣ ва Маркази ҷавонон ба истифода дода шуд
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нахустнамоиши «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ҳамоиши ҷавонони Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунӣ вусъат меёбанд
Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб таъмиру навсозӣ мешавад
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Истаравшан шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 107 адад расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ вусъат меёбанд
Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди иқтисоди рақамӣ баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Бо ҷалби волонтёрон дар пойтахт ҳашарҳои экологӣ гузаронида мешаванд