Дар шаҳри Панҷакент Маркази оши палов бунёд ва Маркази тиббӣ таҷдид мегардад
ДУШАНБЕ, 21.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Маркази тиббии «Шифо», ки дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари соҳили рӯди Зарафшон, дар шаҳри Панҷакент воқеъ аст, бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сармоягузории соҳибкор Абдушафеъ Ҳоҷиев таъмиру таҷдид мегардад. Дар дохили он ҳамчунин нахустин Маркази оши палов дар шаҳри Панҷакент бо тарҳи миллӣ бунёд мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад.
Гуфта шуд, ки бинои маркази тиббӣ таҷдид шуда, ба худ намои нав мегирад ва дар он барои табобату истироҳати мизоҷон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, минбаъд чун табобатгоҳ – осоишгоҳ хизмат мекунад.
Дар як гӯшаи ҳудуди марказ ҳоло сохтмони Маркази оши палов бо тарҳу меъмории миллӣ идома дошта, баъди анҷоми корҳо он ба гӯшаи истироҳат барои меҳмонон ва сокинони шаҳр табдил меёбад.
Баъди таҷдиду анҷоми сохтмони ин иншоот дар онҳо беш аз сад нафар бо кор таъмин мегарданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»






