Дар Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид

Январь 22, 2025 13:51

ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пиряхҳо дар ташаккули иқлими сайёра ва бо оби тоза таъмин намудани миллиардҳо одамон нақши калидӣ доранд. Вале бинобар гармшавии глобалӣ пиряхҳо зуд об мешаванд. Барои ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ин мушкилӣ Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд. 21 январ ин сол  ба таври расмӣ оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти «Ахбори СММ».

Бо ин восита, СММ умедвор аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи нақши муҳими пиряхҳо дар системаи иқлим ва гардиши гидрологӣ, инчунин оқибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии тағирот дар криосфераи Замин огоҳии бештар пайдо менамояд.

 Пиряхҳо — муҳимтарин сарчашмаи оби тоза

Пирях — ҷамъшавии азими яху барф аст, ки дар хушкӣ ба вуҷуд меояд ва метавонад таҳти таъсири вазни худ ҳаракат кунад. Пиряхҳо дар ҳама қитъаҳо, дар минтақаҳои кӯҳӣ ва дар канори қабатҳои яхбастаи  Гренландия ва Антарктида вомехӯранд. Дар ҷаҳон зиёда аз 275 ҳазор пирях мавҷуд буда, онҳо майдони тақрибан 700 ҳазор километри мураббаъро ишғол мекунанд. Пиряхҳо тақрибан 70 дарсади оби тозаи ҷаҳонро маҳфуз медоранд.

Ҳаёти зиёда аз 2 миллиард одамон, аз ҷумла мардуми бумӣ аз обшавии яху барф вобаста аст. Ин равандҳо онҳоро бо оби нӯшокӣ ва об барои истифода дар соҳаи кишоварзӣ таъмин мекунанд. Ҳифзи пиряхҳо барои суботи экологӣ ва иқтисодӣ муҳим аст.

Пиряхҳо-нишондиҳандаи тағйирёбии иқлим

Пиряхҳо нишондиҳандаҳои ҳассоси тағйирёбии иқлим буда, бинобар боло рафтани ҳарорат дар саросари ҷаҳон об мешаванд. Ин раванд аз миёнаҳои асри 19 (охири давраи яхбандии хурд) мушоҳида мешавад. Гарчанде дар давраҳои гуногун ва дар минтақаҳои гуногун афзоиши кӯтоҳмуддати андозаи пиряхҳо мушоҳида мешуд, солҳои охир обшавии онҳо аз сабаби гармшавии босуръати сайёра, ки дар натиҷаи афзоиши консентратсияи газҳои гулхонаӣ дар атмосфера ба вуҷуд омадааст, суръат гирифт. Ҳарорати аз ҳад зиёди ҷаҳонӣ боиси кӯтоҳ шудани мавсими ҷамъшавии барф мегардад.

Оби ширин торафт кам мешавад

Тағйирёбии иқлим ва криосфера ба гардиши об, аз ҷумла обшавии пиряхҳо ва барфҳо, пуршавии обҳои зеризаминӣ ва баланд шудани сатҳи баҳр мусоидат мекунанд. Бинобар  коҳиши пиряхҳо ва тағйирёбии қабати барф оби тоза кам дастрас мешавад, ки дар натиҷа рақобат барои захираҳои об, махсусан дар минтақаҳои хушк афзоиш меёбад.

Пиряхҳое, ки аллакай ба «авҷ»-и худ расидаанд — лаҳзае, ки ҷараёни  яхҳои обшуда ба дараҷаи баландтарин мерасад — ҳиссаи худро дар пур кардани захираҳои об хеле кам мегузоранд.

Таҳдидҳо ва хатарҳои нав, ки бо обшавии пиряхҳо ва яхбандии абадӣ алоқаманд ҳастанд

Тағйирёбии иқлим ба басомади зуҳуроти табиии хатарнок бо самараи иқтидори силсилавӣ таъсир мерасонад. Устувории нишебии кӯҳҳо ва хатари обхезӣ метавонад бо дуршавии пиряхҳо ва обшавии яхбандии абадӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ ва субарктикӣ алоқаманд бошад. Обшавии ях инчунин боиси рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ, ярч ё афзоиши эрозияи хок мегардад.

Чаро Тоҷикистон даъват намуд, ки Соли байналмилалӣ эълон шавад

Имрӯз аз 14 ҳазор пирях дар Тоҷикистон, ки манбаи асосии оби ошомиданӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд, беш аз ҳазор пирях комилан об шудааст. Дар баробари ин суръати обшавии онҳо меафзояд. Аз ин рӯ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус оид ба эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баромад намуданд.

Моҳи майи соли равон дар Душанбе бахшида ба ин мушкилӣ, яъне ҳифзи пиряхҳо конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад.

Зарурати чораҳои фаврӣ

Пиряхҳо бо суръати бесобиқа дур шуда, манзараи ҷаҳонро тағйир медиҳанд. Сарфи назар аз нақши муҳими онҳо дар суботи экологӣ давлатҳо ҳангоми таҳияи сиёсатҳои худ на ҳамеша масъалаҳои бо ин мушкилӣ алоқаманд ва оқибатҳои эҳтимолиро ба назар мегиранд.

Созмони Милали Муттаҳид таъкид мекунад, ки пиряхҳоро тавассути коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва қабули стратегияҳои мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсири онҳо ҳифз ва нигоҳ доштан мумкин аст. Истифодаи донишҳои мардумони бумӣ, маълумоти мушоҳидакунандагони обу ҳаво ва таҳлилҳои илмӣ асоси ҳамаҷониба ва фарогири ташаккули сиёсати заруриро таъмин менамоянд. Тадбирҳои муҳим оид ба ҳифзи пиряхҳо бояд таъсиси минтақаҳои муҳофизатшаванда, мониторинги мунтазам, амалияи экологии истифодаи замин, татбиқи идоракунии маҷмуии захираҳои об ва таҳияи низомҳои огоҳкунандаро барои мубориза бо хатарҳои криосфера дар бар гиранд.

АКС: сомонаи СММ

Январь 22, 2025 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид