Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон вобаста ба шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир гардид

Январь 7, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 07.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 январ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»» ҷаласа баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин ниҳод.

Муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Каримзода оид ба масъалаҳое, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ матраҳ гардиданд, ибрози андеша намуд. Таъкид шуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои дар меҳвари давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуда ва рушдкунандаро мавриди таҳлил ва хулосабарорӣ қарор дода, доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ дастуру супоришҳои судманд пешниҳод намуда, солҳои 2025 – 2030-ро Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд.

Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъалаи занон дар меҳвари Паём» ва «Маориф дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.

Таъкид шуд, ки аҳамияти сиёсӣ ва иҷтимоии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар он аст, ки  дар он вазъи соли ҳисоботӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, бо  пешгӯиҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва вазифагузориҳо ҳамчун барномаи дурнамои мукаммали фаъолияти давлат барои солҳои оянда баромад  менамояд.

Иброз гардид, ки мавзуи занону духтарони хуштолеи замони соҳибистиқлолӣ ҳамчун нигини пурҷило дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ қарор гирифтааст. Пешвои миллат бо боварии комил ба азму ирода ва масъулиятшиносии занону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимод намуда, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро дар оянда идомабахш арзёбӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки дар раванди сиёсати давлатӣ соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардидааст. Бо ҳамин назардошт илму маориф ва тарбияи насли босаводу худшинос дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.

АКС: Суди конститутсиониии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 7, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷанбаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар соҳаи инноватсия тавзеҳ дода шуданд
Доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Кумитаи рушди маҳал Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар Саридораи геология оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
БОЗНИГАРИИ ТАЪРИХ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ СИЁСӢ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Паёми Президенти Тоҷикистон самтҳои асосии рушди устувори давлатро барои марҳилаи нави таърихӣ муайян менамояд
Дар Суди шаҳри Душанбе нуктаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуданд
ҚОНУН «ДАР БОРАИ БОСТОНШИНОСӢ». Дар замони ҷаҳонишавӣ зарурати қабули он пеш омадааст
Дар Кӯлоб нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Махфират Хидирзода: «Паёми Президенти Тоҷикистон инъикоскунандаи интизориҳои ҷомеа нисбат ба масоили мухталиф аст»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд