ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Чанок беш аз 2500 бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 11.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Чанок, ки аз сарҳади ноҳияи Мастчоҳ мегузарад, беш аз 2500 бех ниҳоли сояафкан ва ороишӣ шинонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ.
Маъракаи васеи ниҳолшинонӣ дар доираи ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ, ки аз моҳи январ то моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон идома меёбад, гузаронида шуд.
Ниҳолҳо аз ҷониби Раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дастрас гардида, ба зебоии муҳити атроф ва беҳтар намудани ҳолати экологӣ нигаронида шудаанд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ бо иштироки фаъолонаи даҳҳо нафар кормандони ташкилоту муассиса ва сокинони маҳаллӣ доир шуд. Ҳамкории онҳо ва руҳияи баланди корӣ имкон дод, ки ниҳолҳо бо сифати хуб шинонида шаванд.
Бахусус таъкид гардид, ки ҳар шахс масъулияти нигоҳубини минбаъдаи ниҳолҳои шинонидаро бояд ба уҳда гирад, то ба ин восита ниҳолҳо самаровар гарданд.
Таъкид шуд, ки ҳадафи асосии ин гуна тадбирҳо на танҳо зебо намудани муҳити зист, балки бедор кардани ҳисси масъулият дар байни мардум оид ба ҳифзи табиат мебошад. «Мо бояд барои наслҳои оянда муҳити тоза ва ободро таъмин намоем»,-таъкид намуд ӯ.
Иштирокчиёни маърака изҳори умедворӣ карданд, ки чунин иқдом идома ёфта, дар ободонии бештари минтақа ва беҳтар кардани намудани муҳити атроф замина мегузорад.
Тибқи нақша, давоми соли равон дар ноҳия беш аз 24 ҳазор бех дарахт ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






