ДАРАХТ БИШНОН! Дар шоҳроҳи Душанбе — Варзоб беш аз 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 02.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунӣ барои давраи то соли 2040» дар шоҳроҳи Душанбе — Варзоб ва мавзеи «Баҳор»-и ноҳияи Варзоб беш аз 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре масъулин иброз доштанд, маъракаи ниҳолшинонӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди устувори экологӣ, аз ҷумла ба сатҳи муайян коҳиш додани оқибатҳои манфии тағйирёбии номусоиди иқлим ба ҳаёти одамон ва мавҷудоти дигари зиндаи табиат аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар маъракаи ниҳолшинони кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказу муассисаҳо ва мақомоти зертобеи он дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои наздики маркази пойтахт иштирок доштанд.
Чунин тадбирҳои сабзу хуррамгардонии муҳити зист дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ бо мусоидат ва саҳмгузории мақомоти ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ва дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ гузаронида шуда истодааст.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






