ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Бори аввал дар самти бемории рагҳои мағзи сар ҷарроҳӣ ба тариқи эндоскопӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 04.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Табибони Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Маркази ташхисию табобатии «Дастаи Дил» дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар ба навгонӣ ноил гардиданд. Табибон як усули нави ҷарроҳиро дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар ба тариқи эндоскопӣ, яъне бе буриш анҷом дода, нуқсонҳои ҷойдоштаро бартараф намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.
Дар амал ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, ин масъала зери таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Аз ҷониби табибони марказ ба як нафар бемори 16-сола, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки косахона ва майнаи сари ӯ ҳангоми афтодан осеби ҷиддӣ дида буд, ба тариқи эндоскопӣ, яъне бе буриш амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуда, нуқсонҳои ҷойдоштаи беморӣ бартараф карда шуданд.
Чунин ҷарроҳӣ яке аз ҷарроҳиҳои мушкил ва мураккаби рагҳои калони мағзи сар ба ҳисоб рафта, ин гуна ҷарроҳӣ то кунун дар мамлакат гузаронида намешуд. Беморон ё ба кишварҳои хориҷӣ сафар мекарданд ва ё барои гузаронидани чунин ҷарроҳиҳо мутахассисон аз хориҷи мамлакат даъват карда мешуданд.
Хушбахтона, бо фароҳам гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ табибони ватанӣ имконият пайдо намуданд, ки чунин амалиёти мураккаби ҷарроҳиро бори аввал дар ҷумҳурӣ бомуваффақият гузаронанд.
Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар соҳаи тибби мамлакат аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи тандурустӣ дарак медиҳад. Бо дастрас гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосир минбаъд низ дар ин марказ муосиртарин усулҳои нави ҷарроҳӣ аз ҷониби мутахассисони ватанӣ дар сатҳи баланд гузаронида мешаванд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






