ФУТБОЛ. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои бозиҳои санҷишӣ муайян шуданд

Январь 15, 2025 09:17

 ДУШАНБЕ, 15.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар бозиҳои санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Туркия муайян шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

15 январ дастаи Марко Раҷини нахустин бозии санҷиширо дар ҷамъомади тамринии Анталия бо тими «Манавгат Беледиеспор»-и Туркия (U-19) баргузор мекунад.

17 январ дастаи наврасони мо бо тими «Шахтёр»-и Украина (U-19) рақобат менамояд.

Рақиби сеюми дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон тими наврасони Кувайт (U-17) хоҳад буд. Ин бозӣ 21 январ баргузор мешавад. Дар бозии ниҳоии санҷишӣ дар ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Туркия 23 январ наврасони мо бо дастаи «Краснодар» (U-17) қувваозмоӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Туркия яке аз марҳилаҳои омодагии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми Осиё-2025 мебошад, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 15, 2025 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона боз бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб ғалаба кард
ФУТБОЛ. Фонди ҷоизавии мусобиқаи «Ҷоми Ҷавонӣ-2025» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад