Илму маориф ва рушди сармояи инсонӣ — дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Январь 11, 2025 09:19

ДУШАНБЕ, 11.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 декабри соли 2024  дар Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  таъкид шуд, ки “соли 2024 барои Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо байни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот бо шарофати заҳмати аҳлонаю содиқонаи мардуми сарбаланди мамлакат боз як соли бобарор гардид”.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  аҳамияти муҳимми илмӣ, назариявӣ, сиёсӣ, фалсафӣ ва маънавию тарбиявӣ дошта, чун санади пурарзиши роҳнамо барои муайянсозӣ ва пешрафти давлатдории миллӣ хизмат менамояд. Таъкид кардан бамаврид аст, ки  дар баробари таҳлилу баррасии тамоми самтҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва  фарҳангии ҷумҳурӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ   самти илм ва маориф ба таври хеле васеъ мавриди таҳлил, таҳқиқ ва баррасӣ қарор дода шуд.  Президенти Тоҷикистон доир ба муҳимтарин дастовардҳои  солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат, махсусан бунёди 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ андешаҳои воқеъбинона  баён намуда, онҳоро ба комёбиҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ мансуб донистанд.

Аз муҳтавои Паём ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, ки дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илм ва маориф мавқеъ ва манзалати хосса доранд. Дар ин хусус  Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд, ки “ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳама пешравию пирӯзии ҳар давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”.

Тавре таъкид карда шуд, имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.

Аҳли илму маорифи мамлакат аз он ифтихор мекунанд, ки дар Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба самти маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида,  супориш дода шуд, ки “бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.

Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман ҷиҳати бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”.

Бо вуҷуди дастоварҳои беназири соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳақиқат моро зарур аст, ки боз ҳам системаи идораи маорифро мустаҳкам намуда, дар радифи кишварҳои аз лиҳози илм ва фановарӣ пешрафта қадам бигзорем. Роҳи расидан ба низоми пешрафтаи давлатро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф арзёбӣ карда,  таъкид намуданд, ки “сабаби асосии бадбахтии ҳар миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.

Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд.

Аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад.

Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад.

Маҳз барои ҳамин ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам”.

Возеҳ аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро самти  афзалиятноки фаъолияти роҳбарии худ қарор дода,  тамоми нерую тавони хешро ба рушди ин соҳаи  ҳаётан муҳими мамлакат равона намудаанд ва  барои таълиму тарбияи босамари хонандагону донишҷӯён дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёди муассисаҳои таълимӣ ва шароити хуби таҳсилро  фароҳам меоваранд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи илму маориф, рушди бомароми ҷомеа, беҳбудӣ дар соҳаи маориф ва рушди сармояи инсонӣ дар Паёми Президенти Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки барои таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаю барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон тадбирҳои қатъӣ андешад.

Муҳимтарин нуктаи дигари хушҳолкунанда  вобаста ба  соҳаи илму маориф ин аст, ки аз якуми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ  30 фоиз зиёд карда мешавад.

Хулоса,  ҳар нуктаи   Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ   дар вазъияти  зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза фарогири масоили хеле  муҳим барои рушду инкишофи илму маорифи мамлакат ва низоми таълиму тарбияи насли ҷавону наврас ба ҳисоб меравад.

Имрӯз аҳли маорифро зарур аст, ки  иҷрои тамоми  дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар фаъолияти рӯзмарраи корӣ сари вақт ва босифат таъмин намуда, барои  рушди маорифи мамлакат,  махсусан баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия масъулияти бузурги шаҳрвандӣ эҳсос намоянд.

Юсуф МУҲИДДИНОВ,
директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 38
ноҳияи Синои  шаҳри Душанбе

Январь 11, 2025 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Аз байн бурдани коррупсия омили пешрафти ҳар давлат аст
ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҳамадонӣ, №35 номзад пешбарӣ намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз ҳавзаи якмандатии Исфара, №20 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид
Бозорҳо, хатсайрҳо, терминалҳо: МегаФон Тоҷикистон шабакаи толорҳои алоқаи худро васеъ намуд
ҲХДТ дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Муъминобод, №38 номзад пешниҳод намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Мулоқоти сеҷонибаи сарвазирони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Сӯхтори ҷангал дар Калифорния беш аз 300 гектарро фаро гирифтааст
Лондон аз рӯи танбашавии нақлиёт байни шаҳрҳои Аврупо дар ҷойи якум қарор гирифт
Дар натиҷаи заминларза дар Ситсзан дар ҷанубу ғарби Чин 126 нафар ҳалок гардид