Имангалӣ Тасмагамбетов: «Соли 2025 татбиқи Барномаи байнидавлатии мақсадноки СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон оғоз мешавад»
ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 татбиқи Барномаи байнидавлатии мақсадноки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон оғоз мешавад. Дар ин хусус имрӯз дар Душанбе Дабири кулли ин Созмон Имангалӣ Тасмагамбетов пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқот масъалаҳои татбиқи Барномаи байнидавлатии мақсадноки СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуданд.
«Шумо хуб медонед, ки ин барнома беш аз даҳ сол боз дар чаҳорчӯби СААД баррасӣ мешавад ва 28 ноябри соли 2024 дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъӣ дар Остона ин барнома қабул карда шуд. Бояд таъкид намоям, ки ин барнома пеш аз ҳама ба шарофати талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст. Бе мавқеи қатъии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, албатта, имрӯз ин барнома қабул намегардид», — таъкид намуд Имангалӣ Тасмагамбетов.
Дабири кулли Созмон тазаккур дод, ки ин барнома амнияти тамомияти арзии на танҳо Тоҷикистон, балки амнияти минтақавии тамоми Осиёи Марказиро низ таъмин хоҳад кард. Бинобар ин ба аҳамияти ин барнома баҳо додан бисёр душвор аст.
«Татбиқи он соли 2025 оғоз гардида, барои 5 сол пешбинӣ шудааст ва соли аввали татбиқи он бисёр муҳим аст. Итминони амиқ дорам, ки бо талошҳои муштараки сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи СААД ин барнома дар давоми 5 сол пурра амалӣ хоҳад шуд», — изҳор намуд Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Имангалӣ Тасмагамбетов.
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






