Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борону барф дар назар аст

Январь 3, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 03.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борону барф дар назар буда, туман мефарояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 16-21 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борону барф дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борону барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борону барф дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0+2 дараҷа гарм ва рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.

 

Январь 3, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад