ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд

Январь 31, 2025 11:38

РӮДАКӢ, 31.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 январ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Сомонӣ,№8 ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳавзаҳои интихоботии Мадад, №13, Чорс, №14, Оби шифо, №15 ва Баҳористон, №16 бо сокинони Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа баргузор шуд. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Мувофиқи  тартиби муқарраргардида, баъд аз муаррифии номзадҳо аз ҷониби шахсони боэътимод Камолзода Илҳом Икром, Ҳалимов Аҳлиддин Маҳмудович ва Бобоева Сафура Юсуфҷоновна барномаҳои пешазинтихоботиашонро манзури ҳозирин гардониданд.

Ҳамчунин  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Насимҷон Ҳомидзода доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии ҳадафҳои бунёдкоронаю созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии ҳизб ва номзадҳои пешбаринамуда изҳори андеша намуд.

Иштирокдорон даъват шуданд, ки дар интихобот фаъолона иштирок намуда, ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Январь 31, 2025 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Вазъи ҳуқуқии номзад ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар ноҳияи Рашт барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихобот машварати омӯзишӣ доир гардид
ИНТИХОБОТ-КАФИЛИ РУШДИ МИЛЛАТ. Дар Хуҷанд иқдоми тарғиботӣ гузаронида шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши овози ҳар интихобкунанда дар интихобот машварати омӯзишӣ доир гардид
Дар ноҳияи Нуробод доир ба маъракаи интихобот машварати омӯзишӣ доир гардид
Номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ муаррифӣ шуданд
Барои аъзои комиссияи ҳавзавии интихоботии №1 дар ноҳияи Фирдавсӣ машварати омӯзишӣ баргузор гардид
Дар 39 ҳавзаи интихоботии шаҳри Бохтар номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқ пешбарӣ шуданд
Дар ноҳияи Шаҳринав барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихобот машварати омӯзишӣ доир шуд
Аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ гардиданд
Дар ноҳияи Шаҳринав оид ба маъракаи интихобот машғулияти омӯзишӣ доир гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ин маъракаи сиёсӣ имкони мусоид барои санҷиши масъулиятшиносии ҷавонон аст