ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Сентябрь 30, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273) мебошад. Ҷалолиддини Балхӣ аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, дурахшонтарин чеҳраи шеъру адаб ва илму маърифати ҷаҳонӣ мебошад. Таълимоти ӯ гуногунҷабҳа буда, тамоми паҳлуҳои зиндагии инсон, андешаву афкори созанда ва талаботи маънавии аҳли башарро фаро мегирад.

–Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иброз доштаанд, «Мавлоно, ки дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза ба дунё омада, бештари ҳаёти худро дар Туркия ба сар бурдааст, ба бисёр мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ сафар намуда, чандин забони мардумони ин минтақаро омӯхтааст. Забони осори Мавлоно — забони қалби инсонҳост, ки барои ҳама халқияту миллатҳо фаҳмо мебошад. Ин аст, ки ӯ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб ҳамчун яке аз бузургтарин шоирону мутафаккирон маҳбубият пайдо намудааст ва эҷодиёташро дар тамоми олам пиру ҷавон, марду зан, сарфи назар аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ, бо шавқу завқи беандоза қироат намуда, аз он неруи маънавӣ мегиранд».

Ба андешаи академик Фарҳод Раҳимӣ, Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ, бемуҳобо аз абармардони фарҳанги бостони мо, ҳамтабору ҳамқатори сазовори нобиғагони шеъри баланди тоҷик буда, ба ҳайси бузургтарин суханвари адабиёти деринасоли мардумамон, дар радифи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва Иқболи Лоҳурӣ шуҳрати фарҳангу адаби моро беназиру оламгир гардонидааст.

Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, ки давроне, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ умр ба сар бурдааст, яке аз давраҳои пурошӯбу серташвиш дар ҳаёти ҳар яке аз бузургони ҳамасри ӯ мебошад.

Дар айёми кӯдакӣ то дами пирӣ Мавлоно аксари мамолики Шарқро тай намуда, аз ҳар қавму миллат ғизоҳои маънавӣ гирифт, забон омӯхт ва осорашро бо либоси назму наср ва бо якчанд забон оро дод. Аз ҳамин сабаб аҳли илм ва донишмандони аксар мамолики Шарқ Мавлоноро азони худ медонанд. Чунки Мавлоно зодаи Тоҷикистони мо аст ва дар мамолики Шарқ таҳсил намуда, чанд баҳори умрашро дар он ҷо гузаронида, аз улуми дин ва забони ақвоми Шарқ бархӯрдор гардид ва дар Осиёи Хурд асарҳои пурмуҳтавояшро офариду дар ҳамон ҷо дафн шудааст. Имрӯз мазори ин абармард зиёратгоҳи ҳаводоронаш дар тамоми ҷаҳон мебошад.

Аз нигоҳи Мавлоно, яке аз сарчашмаҳои бадбахтии инсон бедонишӣ ва ҷаҳолат аст. Ӯ донишро ба  маънои васеи ҳам донишҳои динӣ ва ҳам дунявӣ медонад.

«Ҳамасола 30 сентябр ҷашн гирифтани зодрӯзи Мавлонои бузург аз сиёсати фарҳангпарварона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта,  нишонаи возеҳи эҳтироми мо ба хизматҳои таърихии ӯ дар ҳаққи миллати худ ва аҳли башар мебошад. Ҳамзамон он ифодагари арҷгузорӣ нисбат ба гузаштагон, ҳикмати ниёгону андешаи бузургворон мебошад, ки моро аз дурии асрҳо имрӯз низ ба он ҳидоят мекунад»,-афзуд Фарҳод Раҳимӣ.

Доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон бахшида ба Рӯзи Мавлоно иброз дошт, ки Мавлоно Ҷалолиддин ба зоҳиру ботин нахуст шоир ва донишманди миллӣ ва пас аз он фаромиллист. Муқаддасоти миллии мо, аз ҷумла забону фарҳанг барои ӯ ҳамчунон азизу маҳбуб ҳастанд ва Мавлоно ба забону фарҳанги миллӣ дилбастагӣ ва алоқамандии хос дорад. Лаззати табъи сурудани сухани баландро ӯ бегумон аз чашидани қанди забони биҳиштии модарӣ дарёфтааст. Осори Мавлоно дар ин замина беҳтарин ва боризтарин намуна ба ҳисоб меравад. Чунин тарзи корбасти босамар аз вожагони забони адабӣ ва калимаву ибораҳои мардумии тоҷикӣ дар осори бузургони дигари забону адаби мо камтар ба мушоҳида мерасад.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бе муболиға аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳама давру замонҳо аст. Бо гузашти солҳову садсолаҳо сухани баланди тобнокаш беш аз пеш ба дидаҳо зиёву нур ва ба дилҳои аҳли завқ шодию сурур мебахшад. Ҳамзамон он барои ҳифзи шевоию асолат ва пойдорию устувории забони тоҷикии имрӯзу фардо хизмат менамояд.

Мавлоно низ бо камоли итминон сурудаҳои дилпазири худро дар пайкари забони модарии деринасоли мо оби ҷонбахш ва руҳи нав арзёбӣ намудааст, ки ҳақ ба ҷониби ӯст.

Оби ҳайвон хон, махон инро сухан,
Руҳи нав бин дар тани ҳарфи куҳан.

Ҷалолиддини Балхӣ яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст, ки бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Асарҳои офаридаи ӯ «Девони Шамс», «Маҷолиси саъба», «Мактубот», «Фиҳи мо фиҳи», «Маснавии Маънавӣ» мебошанд, ки хонандагонро ба дунёи маърифату заковат ворид мекунанд.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Шахсияти Мавлоно боиси ифтихор ва сарфарозии мо, тоҷикон ва тамоми башарият аст. Дар осори Ҷалолиддини Балхӣ ақидаҳои озодандешӣ, тақвияти руҳи миллию ватандӯстӣ, ифтихору худогоҳӣ ба таври возеҳ инъикос гардидаанд».

Бояд гуфт, ки «Куллиёти Мавлоно» ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. 24 майи соли 2023 бо қарори Ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО Куллиёти Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Пешбарии «Куллиёти Мавлоно» аз ҷониби Тоҷикистон, Эрон, Булғористон, Олмон, Туркия, Узбекистон ба баррасии ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд.

Мавлонои Балхӣ бо намояндагони қавму миллатҳо ва дину мазҳабҳои гуногун бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва туркӣ озодона сухан мегуфт. Дар баробари ин, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ аз назари ӯ асоси таъминкунандаи осоиши башар будааст:

Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

 

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

 

 

Сентябрь 30, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Беморони гирифтори диабети қанд дар як шабонарӯз бояд 5-6 маротиба хӯрок истеъмол намоянд