«МАҚОМИ ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Занон дар меҳвари Паём» ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз намуд, ки Давлату Ҳукумати мамлакат як самти муҳими сиёсати иҷтимоии худро ба ғамхории ҳамаҷонибаи занону духтарон равона кардааст. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба ин самт боз ҳам диққати асосӣ равона гардид.
Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зан-модари тоҷик дар ҷомеа мақом ва манзалати хосса касб намуд.
«Мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки дар ин давра бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қабул гардид, ки ин сабаби беҳтар гардидани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа гардид», — таъкид шуд дар ҳамоиш.
Иттилоъ дода шуд ки соли 2024 ду санади муҳим- «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» ва «Барномаи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расиданд.
Инчунин бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағи грантҳои президентӣ дар соли 2024 аз 2,5 (ду миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ ба 5 миллион сомонӣ ва теъдоди лоиҳаҳо аз 80 ба 120 адад расонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ, ба касбу ҳунаромўзӣ ҷалб намудани занону духтарон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз соли 2006 грантҳои президентӣ оид ба фаъолияти соҳибкории занон таъсис дода шуданд, ки барои дастгирии занон таҷрибаи муҳим арзёбӣ мегардад. Аз соли 2006 то 2013 ҳамасола бо ин мақсад аз буҷети давлатӣ 1 миллион сомонӣ ҷудо карда мешуд. Аз соли 2014 теъдоди грантҳо аз 40 ба 80 адад ва ҳаҷми маблағҳо аз 1 миллион сомонӣ ба 2,5 миллион сомонӣ зиёд карда шуд.
«Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030» амалӣ мегардад. Ҳоло дар мамлакат 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро духтарону занон ташкил медиҳанд.
Имрӯз беш аз 110 ҳазор духтарону занони мамлакат ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.
Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.
Иброз гардид, ки зиёда аз 35 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо меҳру ихлос, садоқату башорат ва эҳтироми зиёд нисбат ба занон-модарон гуфта шуд, ки модарон бояд ба тарбияи дурусти фарзандон машғул шаванд, зеро инкишофи маънавӣ ва тарбияи ахлоқии фарзанд, пеш аз ҳама, ба нақши модар вобастагӣ дорад.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






