Маркази минтақавии Тоҷикистон сазовори мақоми Маркази минтақавӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия ҷамъомади тантанавӣ оид ба супоридани лавҳа ба Маркази минтақавии Тоҷикистон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки он сатҳи баланди мутобиқати Маркази минтақавии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроиро ба талаботи ин агентӣ инъикос менамояд. Дар асоси ин аккредитатсия марказ расман мақоми Маркази минтақавӣ барои давлатҳои Осиёи Марказиро соҳиб шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Аз байни 180 давлати аъзои Агентии байналмилалии неруи атомӣ чунин марказҳои минтақавӣ оид ба амнияти ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ танҳо дар 11 кишвари ҷаҳон фаъолият менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-умин давлате гардид, ки дар он чунин марказ таъсис шуда, сазовари ин аккредитатсия гардид. Аз аккредитатсия гузаштани марказ ва эътироф шудани он ҳамчун Маркази минтақавӣ дар як саф будани онро бо давлатҳои абарқудрат, ба мисли ИМА, Федератсияи Русия, Британияи Кабир, Ҷопон, Чин, Фаронса ва дигар кишварҳо нишон медиҳад.
Маркази минтақавӣ соли 2024 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳи амният ва тақвияти иқтидори илмии Тоҷикистон ва минтақа таъсис дода шуд.
Сазовор шудан ба мақоми минтақавӣ баъд аз ташрифи гурӯҳи коршиносони Агентии байналмилалии неруи атомӣ ба Тоҷикистон ва шиносоӣ бо мутахассисони марказ ва таҷҳизоти насбгардида имконпазир гардид. Марказ тибқи талаботи Агентии байналмилалии неруи атомӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби мақоми минтақавӣ шуд.
Эътироф намудани мақоми Маркази минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯйдоди муҳиме аст, ки имконоти нави ҳамкорӣ бо шарикони рушдро фароҳам меорад. Дар айни замон дар марказ омоданамоии мутахассисон ва бурдани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои минтақа анҷом дода мешавад.
Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода гуфт, ки аккредитатсияи марказ аз ҷониби Агентии байналмилалии неруи атомӣ натиҷаи меҳнати бисёрсола, дастгириҳои байналмилалӣ ва таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад.
Марказ занҷираи калидӣ дар таъмини амнияти минтақа буда, дар рушди устувори Осиёи Марказӣ саҳми назаррас мегузорад.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






