Масъалаи касбомӯзии аҳолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хусусан Президенти Тоҷикистон қарор дорад

Январь 3, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 03.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳу тавзеҳи  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Заминаҳои рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Паёми Президенти Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.

Дар ҳамоиш раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ дар мавриди таваҷҷуҳ ба касбомӯзӣ ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор, додани шаҳодатнома ба малакаҳои касбӣ ва ташкили машғулияти касбомӯзӣ ва шуғли пурмаҳсул ибрози андеша намуд.

Таъкид гардид, ки имрӯз тавассути муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ шаҳрвандони бекор ва бешуғл ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва машғулияти кӯтоҳмуддат фаро гирифта шуда, дар пайи татбиқи дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳодшуда корҳо дар ин самт боз ҳам тақвият дода мешаванд.

«Муҳимтарин тадбире, ки имрӯз барои баланд бардоштани сатҳи муҳофизати ҷавонону наврасон аз хатарҳои замони муосир имкон медиҳад, ин ба таҳсили хуб фаро гирифтан дар муассисаҳои касбӣ ва аз худ намудани касбу ҳунарҳои муосир мебошад, зеро ҷаҳонбинии васеъ ва дониши мукаммал ба наврасону ҷавонон имкон медиҳад, ки аз вазъи ҷомеа, хатару таҳдидҳои зуҳуроти номатлуб, паҳлуҳои гуногуни табиати инсонӣ, аз ҷумла хислатҳои баду ниятҳои нопоки ашхоси ношиносу ҷиноятпеша огоҳӣ пайдо намоянд ва худро нисбатан бехатар гардонанд. Ҳамзамон бо донишу касбии зарурӣ наврасону ҷавонони синни қобили меҳнат метавонанд ба кори мувофиқ машғул гарданд», — гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Баён гардид, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 ҳазору 500 хонанда ва машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 ҳазор  хонанда, инчунин 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 ҳазор донишҷӯ фаъолият доранд.

Аз ҳисоби ҷавонон омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо яке аз вазифаҳои муҳим мебошад. Барои ҳалли ин масъала Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, дигар вазорату идораҳои марбута бояд Барномаи миёнамуҳлати барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисосро аз ҳисоби ҷавонон таҳия ва амалӣ намоянд.

Илова бар ин, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар панҷ соли оянда ба 210 ҳазор нафар расонидани омодасозии мутахассисони касбу кори гуногунро бо сифати баланд дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъмин намояд. Яъне дар панҷ соли оянда дар ҳама муассисаҳои касбомӯзӣ беш аз як миллион шаҳрвандон бояд ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд.

Иброз гардид, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аҳли соҳаро вазифадор менамояд, ки аз пештара дида бештар талош намоянд.

Масъалаи касбомӯзии наврасону ҷавонон ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат қарор дошта, барои васеъ намудани доираи касбҳои омӯхташаванда ва таъсис додани касбҳои нав дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мунтазам кор бурда мешавад. Ҳамчунин хоҳишмандон метавонанд, ки ба машғулияти кӯтоҳмуддати шартномавии думоҳа ва семоҳа аз рӯи ихтисосҳои кафшергари газию барқӣ, ронандаи мошини дараҷаи «С», дӯзанда, омӯзиши кор бо кампютер, омӯзиши забони русӣ, омӯзиши забони англисӣ, гулдӯзӣ ва қолинбофӣ дохил шуда, соҳиби касб гарданд.

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби дигар иштирокчиён доир ба паҳлуҳои дигари Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ маърузаҳо шунида шуданд. Таъкид шуд, ки нуктаҳое, ки дар ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод мегарданд, маҳз ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоистаи сокинони ҷумҳурӣ мебошанд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 3, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» ба кори худ оғоз намуд
СИРДАРЁ МУТТАҲИД МЕНАМОЯД. Дар Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2025 баргузор мегардад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2025 Диплом супорида шуд
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расонд
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар ба имзо расид
Дар Хуҷанд доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳамоиш баргузор гардид
Татяна Москалкова бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд
Байни вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон ва Русия Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
Масъалаи табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода баргузор мегардад
IRS: Ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чанок муваққатан маҳдуд карда шуд
Татбиқи лоиҳаи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд баррасӣ гардид