МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтон дар рӯзҳои сард зиёновар аст
ДУШАНБЕ, 24.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Башаклдарории дарахтон баъди ба давраи оромӣ рафтани дарахтон гузаронида мешавад. Яъне, боғпарварон ҳангоми 70‐80 фоиз рехтани барги дарахтон метавонанд ба буриш ва башаклдарории дарахтон оғоз намоянд. Дар ин шабу рӯз башаклдарориро танҳо дар дарахтони тухмакдор гузаронидан мумкин аст. Чунин тавсия медиҳад директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Шарофиддин Кароматов ба боғпарварони мамлакат.
Башаклдарории дарахтон дар рӯзҳои гарм бояд гузаронида шавад. Агар ҳарорат паст бошад, дарахтон ба касалиҳои гуногун гирифтор мешаванд. Башаклдарорӣ ё буриши дарахтон гуногун мешавад, яъне дар давраи аз яксола то панҷсола будани онҳо буриши санитарию батанзимдарорӣ, дар давраи панҷсола ва зиёда аз он будани дарахт- буриши ҷавонкунии дарахтони солхӯрда ва азҳосилмонда дар охири моҳҳои январ ва феврал гузаронида мешавад.
Тавре олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, башаклдарории дарахтон пеш аз гулкунии онҳо гузаронида мешавад. Башаклдарории дарахтон аз охири моҳи ноябр ва декабр оғоз мегардад.
Аммо боғпарвар бояд хуб донад, ки башаклдарории дарахтони мевадиҳанда пас аз гузаштани рӯзҳои сард ва дарахтони донакдор аз моҳи феврал анҷом дода мешавад.
Шарофиддин Кароматов иброз намуд, ки аҳамияти башаклдарории дарахтон дар он аст, ки пеш аз ҳама, барои шохи дарахтон имконияти равшанӣ, гармӣ ва ҳавогузарӣ муҳайё мешавад, ки ин барои гузаронидани фотосинтез яке аз омилҳои зарурӣ аст. Инчунин меваҳо босифат ва ҳаҷман калон шуда, ҳосилнокии дарахтон баланд ва дар қисми поёнӣ шохсори навдаҳои ҳосилдеҳ нигоҳ дошта мешавад.
Дар баробари башаклдарорӣ дар ин давра инчунин буриши дарахтон гузаронида мешавад. Ин амал боиси кам шудани касалиҳо ва ҳашароти зараррасон мегардад. Буриш ва башаклдарории дарахтон ҳангоми аз 2 то 6 дараҷа хунук будани ҳаво, инчунин дар рӯзҳои шамолӣ, боронӣ ва барфӣ манъ мебошад. Ин амалҳоро боғбонони минтақаҳои водигӣ, ки ҳарорати ҳавои ин минтақаҳо муътадил мебошад, метавонанд иҷро намоянд. Боғбонон ва хоҷагидороне, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии дорои бориши зиёд зиндагӣ мекунанд, буришро дар моҳҳои феврал ва март- то оғози бедоршавии дарахтон ба анҷом расонанд, беҳтар аст.
Директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иброз намуд, ки боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии мамлакат буда, дар таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва омодасозии ҷойи нави кор саҳми намоён дорад. Он барои афзоиши иқтидори содиротии давлат дар таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, аз ҷумла бо мева мусоидат мекунад. Барои рушди боғдорӣ дар ҷумҳурӣ шароити мусоиди табиӣ, захираҳои обӣ ва меҳнатӣ мавҷуд ҳастанд. Инчунин имконияти коркард ва содироти маҳсулоти боғпарварӣ ҳамасола ба таври интенсивӣ васеъ карда мешавад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои бо








БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Исломиддин Раҳмон: «Омӯзиши Конститутсия ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат менамояд»
Дилором Абдураҳимзода: «Занон дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзанда мегузоранд»
Конститутсия барои ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд заминаи асосӣ мебошад






