МОҲИЯТИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИННОВАТСИОНӢ. Номзади илмҳои иқтисодӣ ин мавзуъро шарҳ додааст

Январь 21, 2025 10:46

ДУШАНБЕ, 21.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри инкишоф ва рушди соҳаи нанотехнология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина вуҷуд дорад. Тибқи маълумоти олимон, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 90 адад захираҳои элементҳои химиявӣ мавҷуданд, ки манбаи асосии коркард ва истеҳсоли маводҳои нанотехнологиро фароҳам меоваранд. Ин матлабро номзади илмҳои иқтисодӣ, сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эркин Достиев дар мақолааш бахшида ба «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 баён намудааст. Дар шарҳи бештари ин мавзуъ мавсуф чунин баёни андеша намудааст:

— Пеш аз ҳама, бояд донист, ки инноватсия чист? Инноватсия аз забони англисӣ — Innovation гирифта шуда, маънояш навгонӣ, дигаргунӣ ва тағйирот аст. Инноватсия-ташкили раванди комплексии паҳн намудан ва истифода бурдани воситаи нави амалӣ (навигарӣ, навгонӣ – навигарӣ дар соҳаи техника, технология, педагогика ва тадқиқотҳои илмӣ) мебошад. Инноватсия ба чанд навъ ҷудо мешавад. Яке аз онҳо навъи технологӣ аст, ки имрўзҳо дар шакли технология ё технологияҳои инноватсионӣ низ мавриди истифода қарор гирифтааст. Технологияи инноватсионӣ чист ва чиҳоро метавон технологияҳои инноватсионӣ номид?

Технологияи инноватсионӣ маҷмўи усулу воситаҳоест, ки ба амалишавии навоварӣ мусоидат мекунад. Ҷараёнест, ки дар натиҷаи он маҳсулоти нав офарида мешавад. Метавон мисоли оддӣ овард, ки ҳамагон дар ҳаёти ҳаррўзаамон дучор меоем: лампаҳои каммасраф. Ин намуди лампаҳо назар ба лампаҳои спиралӣ хеле каммасрафанд ва бо харҷи андаки меъёри қувваи барқ фоидаи бештар медиҳанд: аз як тараф нерўи барқ сарфа гардад, аз ҷиҳати дигар маблағи пардохти истифодаи қувваи барқ камтар мешавад. Ба ҳамин монанд метавон дигар асбобу лавозимоти рўзгорро мисол овард. Масалан, обгармкунакҳои барқиву офтобӣ, плитаҳои хўрокпазиву бухориҳои хонагармкунӣ, чойникҳои барқии обҷўшонӣ, дару тирезаҳои пластикӣ ва дигару дигар, ки ҳамагӣ самараи технологияҳои инноватсиониянду зиндагии миллионҳо сокини сайёраро бамаротиб беҳтару хубтар гардонидаанд.

Маҳсули дигари технологияҳои инноватсионӣ ихтирои компютер аст, ки аллакай тайи чанд даҳсола дар зиндагии ҳар яки мо мавқеи хосе пайдо кардааст. Имрўз қариб ҳамаи соҳаҳо аз компютер истифода мебаранд ва худи компютер ҳам, ки тавассути инноватсия ба вуҷуд омад, ба ҷузъи ҷудонопазири технологияҳои инноватсионӣ табдил ёфтааст.

Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ имконияти кам намудани вақти барориши маҳсулоти нав ба бозорро таъмин намуда, самаранокии истеҳсолотро баланд мебардорад. Он ба беҳтаршавии сифати маҳсулот, рақобатпазирии саноат ва зиёдшавии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ мусоидат менамояд.

Фаъолияти инноватсионӣ фаъолияте мебошад, ки ба истифода ва тиҷоратгардонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва коркарди илмӣ барои беҳтар кардани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда (молҳо, хизматрасониҳо), такмили технологияҳои тайёр намудани онҳо бо минбаъд татбиқ ва амалисозии самарабахши онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ нигаронида шудааст.

Дар ин маврид истифодаи амалии натиҷаи илмӣ, илмӣ-технологӣ ва нерӯи зеҳнӣ имкон медиҳад, ки маҳсулоти истеҳсолшавандаи нав ва технологияҳои истеҳсоли ба дастовардашудаи он ва талаботи истемолкунандагон ба молу хизматрасониҳои баландсифат қонеъ гардонида шавад ва хизматарасониҳои иҷтимоӣ такмил ёбад.

Соҳаи нанотехнология низ асоси инноватсия ба ҳисоб рафта, инкишофи босуръати технологӣ ва татбиқи он дар амалия аз он вобастагии зич дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакат, ташаккули низоми самараноки инноватсиноӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатпазирии истеҳсолот ба бозори дохиливу хориҷӣ баровардани маҳсулоти инноватсионӣ, афзоиши истеҳсоли молҳои ватанӣ ба ивази молҳои воридотӣ, суръатбахшии рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамоянд, заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва иқтисодиро муҳайё намудааст.

Дар заминаи санадҳои меъёри ҳуқуқии қабулгардида, ки ба фаъолияти инноватсиясионӣ бахшида шудаанд, ҳамчунин бандҳои алоҳида ба рушди нанотехнология дар он ҷой дода шудааст.

Дар мамлакат заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти инноватсиониро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2020» ва «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин як қатор қонунҳое қабул гардидаанд, ки баъзе намудҳои фаъолияти инноватсиониро ба танзим медароранд, аз ҷумла «Дар бораи намунаҳои саноатӣ », «Дар бораи ихтироот», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ», «Дар бораи нишонаҳои молҳо ва нишонаҳои хизматасониҳо», «Дар бораи Парки технологӣ» ва ғайраҳо.

Яке аз шартҳои ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами соҳаи нанотехнология дар ҷумҳурӣ ин ба вуҷуд овардани инфрасохтори зарурии инноватсионӣ мебошад. Инфрасохтори инноватсионӣ ташкилотҳо (муассисаҳо)–е мебошанд, ки қобили амалӣ кардани фаъолияти инноватсионӣ доранд, яъне ба иноватсия ва таъмини шароити амалӣ кардани раванди инноватсионӣ хизмат мекунанд. Ба ин гуна инфрасохтор марказҳои инноватсионӣ–технологӣ, инкубаторҳои технологӣ, технопаркҳо, марказҳои таълимӣ ва ташкилотҳои махсусгардонидашуда дохил мешаванд.

Барои пурзӯр намудани фаъолияти соҳаи нанотехнология, ки ҷузъи пайвасткунандаи илм ва истеҳсолот мебошад, бояд шароите фароҳам оварда шавад, ки фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи иқтисодиёт ба таври доимӣ афзоиш ёфта, ба пешрафти мамлакат ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири бештар дошта бошад.

Яке бартариҳо чашмраси нанотехнология ва талаботи замони муосир бо сарфи камтарини энергия, истеҳсоли бештари маҳсулоти босифат мебошад. Имрўз электроника тамоми оламро фаро гирифтааст. Пештар ҳеҷ кас бовар надошт, ки ба воситаи як телефони хурд дар масофаҳои дур ҳамдигарро дида истода, суҳбат кардан имконпазир мебошад. Ин ҳам як муъҷизаю дастоварди нанотехнология мебошад.

Нанотехнология барои сохтани пластмассаҳое, ки ҷараёни электрикиро гузаронида, ҳамчунин магнитнок мешавад, имконият дорад. Истифодаи он арзон, сабук ва дарозмуддат аст. Чипҳои бо истифодаи усули нанотехнологӣ сохта, имконияти садҳо фармонро қабул, коркард ва иҷро намуданро доро мебошад, ки онҳо фоидаи калон оварда, ҳаёти инсонро беҳтар ва осон мекунад.

Дар мавриди идораи дуруст ва оқилонаи нанотехнологияҳо бисёр мушкилиҳои ҷомеаи инсонӣ ҳалли худро пайдо мекунад. Яке аз ин масъалаҳо таъмини аҳолии сайёра бо энергияи «сабз», яъне энергияи таҷдидшаванда мебошад, ки оксиди карбон хориҷ намекунад ва аз ин рў, ба муҳити атроф безарар аст.

Истифодаи нанотехнология имкон медиҳад, ки қисмати зиёди энергияи офтобиро барои таъмини рушноӣ ва гармӣ аз худ кунем. Дар ҷаҳон ширкатҳои ба истилоҳ «наносолар» ба вуҷуд омада истодаанд, ки дар ояндаи наздик ба истеҳсоли наномеханизмҳо, аз ҷумла, фотоэлементҳои тунуки батареяҳои офтобӣ шуруъ мекунанд. Ин маҳсулот нархи батареяҳои офтобиро арзон карда, буҳрони энергетикии соҳаи иқтисодиро ҳал мекунад.

Дигар самти муҳими корбурди нанотехнология соҳаи нақлиёт мебошад, ки бе он иқтисодиётро тасаввур кардан ғайриимкон аст, дар ҳоле, ки энергияи бисёр харҷ мекунад. Дар ояндаи наздик зерсохтори нақлиёт ва коммуникатсия новобаста ба маҳдудиятҳои табиӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ҳама нуқтаҳои сайёраро фаро гирифта, ба ҳам мепайвандад. Ҳамин гуна мисолҳо дар самти истеҳсоли маҳсулотҳои нанотехнологӣ хеле зиёд мебошанд.

Дар шароити имрӯзаи рушди ҷомеа ва таҳлили давлатдорӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз имконият ва иқтидорҳои захиравии табии худ бояд истифода намояд. Зеро ин захираҳо барои рушди иқтисодиёти мамлакат захираи беҳамтост. Бо мақсади ҷоннок намудани кор дар самти рушди нанотехнология зарур аст, ки ба таълими дурусти мутахассисон дар ин соҳа диққат дод. Зеро барои гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ мутахассисон заруранд ва шароитҳо барои фаъолияти инноватсион ва татбиқи нанотехнология вуҷуд доранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 21, 2025 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2025» ба намоиш гузошта шуд
Дар Женева масъалаи омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид
ВАТАНДӮСТӢ ВА МАВҚЕИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ДАР ПАЁМ. Дар ҳар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ беҳсозии ҳаёти ҷавонон таъкид гардидааст
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар Душанбе масъалаи рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуд
Соли 2024 дар Панҷакент 85 гармхонаи тиҷоратӣ ва оилавӣ ба истифода дода шуд
ПАЁМЕ, КИ ҲАМА НУРУ НАВИД АСТ. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Масъалаи рақамикунонӣ барои идораи соҳаҳои геология, гидрология ва глятсиология аҳамияти бештар пайдо мекунад
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ асоси ислоҳот дар соҳаи маориф аст
Ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ байни Тоҷикистону Эрон густариш меёбад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сиёҳдона организмро аз пиршавӣ ва бемориҳои онкологӣ эмиин нигоҳ медорад
ХИШТИ АВВАЛ ЧУН НИҲАД МЕЪМОР КАҶ… Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зиёд намудани теъдоди муассисаҳои томактабӣ таъкид гардид