НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад

Январь 29, 2025 15:11

ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон сол то сол бо дастгирию таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда, хатсайрҳои нави ҳавоӣ зиёд ва ҷуғрофияи парвозҳо фарогиртар мегарданд. Дар ин хусус 29 январ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Дар баробари ин, ба таъкиди Ҳабибулло Назарзода парки техникии ширкатҳои ҳавопаймоии мамлакат низ бо техникаи муосири ҳавопаймоӣ мукаммал гардонида мешаванд. Аз ҷумла ба таъкиди номбурда, Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» тасмим гирифтааст, ки бо ширкати истеҳсолкунандаи ҳавопаймои «Боинг» барои харидорӣ намудани ду ҳавопаймои тамғаи «Боинг 737/MAX» шартнома ба имзо расонад. Таъкид гардид, ки ҳавопаймоҳои тамғаи «Боинг 737/MAX» дар семоҳаи аввали соли 2026 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, дар ин замина ҷуғрофияи парвозҳо боз ҳам фарох гардонида мешаванд.

Ҳамзамон Ҳабибулло Назарзода бо натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти авиатсионии мамлакат дар соли 2024 иброз намуд, ки барои рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва беҳтар намудани фаъолияти корхонаҳои авиатсионии мамлакат Агентии авиатсияи гражданӣ соли 2025 якчанд корҳоро, аз ҷумла таъмини бехатарии амнияти парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, ворид намудани ҳавопаймоҳои миёнҳаҷми муосир барои хизматрасонии босифат аз ҷониби ширкатҳо ба нақша гирифтааст.


Гуфта шуд, ки соҳаи авиатсияи граждании мамлакат маҳз бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол рушд менамояд ва натиҷаи ҳамин дастгирию роҳнамоиҳо буд, ки дар соли сипаригашта парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайрҳои дохилӣ аз нав барқарор карда шуд.

Ба таъкиди директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷавоб ба ғамхориҳо ва дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон масъулини Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии мамлакат саъй менамоянд, ки дар пешрафти соҳа ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ, бахусус соҳаи сайёҳӣ саҳми назаррас гузоранд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2025 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид