Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштини кураш муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 27.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 январ дар Маҷмаи варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов ва 26 январ дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Чемпионати дуюми Тоҷикистон оид ба гӯштини кураш баргузор гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд зиёда аз 230 варзишгар аз рӯйи ҳафт вазн бо ҳам рақобат карданд. Ғолибон ва ҷоизадорони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштини кураш аз ҷониби Федератсияи кураши Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми 150 000 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба кураш дар соли 2025 ба таври зайл муайян шуданд: дар вазни то 73 кг Наврӯз Каримзод сазовори медали тилло, Мирзоҷамил Рамазонов соҳиби медали нуқра ва Сайраҳмон Қодиров ва Алӣ Боқиев сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд.
Дар вазни то 81 кг Муҳаммадшариф Наҷмиддинов соҳиби медали тилло, Қоим Шукронов соҳиби медали нуқра, Абдуллоҳ Лоиқов ва Саидраҳмон Шоев сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.
Дар вазни то 90 кг Ҳамроз Раҷабов соҳиби медали тилло, Туйчибек Шарипов соҳиби медали нуқра ва Мусоғон Ғаниев ва Зафар Олимшоев соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.
Дар вазни то 100 кг Улуғбек Раҳимов соҳиби медали тилло, Исроил Раҳимов соҳиби медали нуқра, Акмал Муродов ва Муҳсин Маллаев соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.
Дар вазни +100 кг Шарифҷон Назриев соҳиби медали тилло, Фирдавс Насимов соҳиби медали нуқра, Зиёрaтшои Рустам ва Саймумин Шоҳмамадов сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд.
Ҳамчунин байни дастаҳои мунтахаби панҷ давлат-Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон Ҳиндустон ва Федератсияи Русия рақобатҳои дӯстонаи даставӣ баргузор шуданд. Дар ин рақобатҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистон сазовори ду медали тилло гардид.








Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






