ҶОМИ ОСИЁ-2025. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон муайян мегарданд
ДУШАНБЕ, 03.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 23 январ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, воқеъ дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия қуръакашии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17- сола оид ба футбол баргузор мегардад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, Конфедератсияи футболи Осиё тартиб ва таркиби сабадҳои маросими қуръакашии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-соларо эълон кард.
Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар баробари дастаҳои мунтахаби наврасони Австралия, Яман ва Узбекистон вориди сабади дуюм шуд. Ҳангоми тақсимоти дастаҳои мунтахаб ба сабадҳо КФО натиҷаҳои се Ҷоми Осиё байни дастаҳои мунтахаби наврасон (Ҳиндустон, 2016; Малайзия, 2018 ва Тайиланд, 2023)-ро ба назар гирифтааст.
Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дастаҳое, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд, ба Ҷоми ҷаҳон-2025, ки дар Қатар баргузор мегардад, роҳхат пайдо мекунанд.
Таркиби сабадҳои маросими қуръакашии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола:
Сабади 1: Арабистони Саудӣ (мизбон), Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон;
Сабади 2: Австралия, Яман, Узбекистон, ТОҶИКИСТОН;
Сабади 3: Тайиланд, Ветнам, Уммон; Афғонистон;
Сабади 4: Чин, Индонезия, Кореяи Шимолӣ, АМА
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






