ПАЁМЕ, КИ ҲАМА НУРУ НАВИД АСТ. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ДУШАНБЕ, 20.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мо ҳама давоми 33 соли даврони Истиқлоли давлатӣ, ки даврони воқеии эҳёи навини сарзамини куҳанбунёд ва маънавиёту суннатҳои волои халқи некманишамон мебошад, борҳо шоҳид будаем, ки ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» барномаи хирадмандона бо ҳадафҳои олии эҳёи дубораи миллату сарзамини мо аст. Ва ҳосили муҳаббати баланди ватандӯстӣ ва заҳматҳои содиқонаи халқамон аст, ки бо амалӣ шудани ин барномаҳои хирадмандона Тоҷикистон сол то сол, балки рӯз то рӯз ободтару шукуфотар гардида, сатҳи зиндагии халқи заҳматпарвару ватандӯсти он боло бардошта мешавад ва обрӯю нуфузи миллати мо дар арсаҳои байналмилалӣ боз ҳам болотар меравад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 дурахши боз ҳам бештаре бо худ овард, аз он ки сатр ба сатр ҳама намои муҳаббату садоқати ватандӯстона буда, ҳадафҳои баланди миллиро пайгирӣ мекунад. Хуҷастагии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар он аст, ки баробари пешниҳод гардидани он андешаҳо ва пешниҳодҳои неки Сарвари давлатамон вирди забони мардум шуданд ва аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат истиқболи гарму самимона ёфтанд. Ин нишони ягонагии мардуми тоҷик ва Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президенти Тоҷикистон аст, ки моро ба дастовардҳои бузургтари миллӣ бовар мекунонад.
— Аввалин бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки маҳз Конститутсия ва қонунгузории давлатии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи мамлакатро фароҳам овардааст. Зиндагӣ нишон дод, ки маҳз бо шарофати ҳамин дастури қонуннигаҳдорандаи ҷумҳурӣ ва бо шарофати сиёсати некбинонаю хайрхоҳонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо дар марҳилаҳои навини тараққиёт бо иҷрои стратегия ва барномаҳои оқилонаи иқтисодию иҷтимоӣ дар рӯ ба рӯйи пирӯзиҳои нав ба нави миллӣ қарор дорад. Ба ин муносибат чанд нукта ва сабақҳои пандомӯзу раҳнамои миллатро, ки аз мутолиаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, мавриди баррасӣ қарор додем.
Ҳадафҳои баланди миллӣ
Ба андешаи мо он чӣ асос ва муҳаррики пешрафту комёбиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол давоми сию се соли мавҷудият гардидааст, ҳамин ҳадафҳои баланди миллӣ мебошанд, ки аз оғози давлатдории навини таърихии халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ пеш гирифта шуданд. Инҳо аз амнияти миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва боло бардоштани сатҳи зиндагии шоистаи мардуми мамлакат иборат мебошанд. Бо ин ният нақшаҳои бузурги созанда дар ҳама самтҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардиданд.
Имрӯз мо мебинем, ки амалӣ гардидани ин нақшаҳои бузург аз ҷониби халқи заҳматпарвару некманиши тоҷик ва Пешвои ватандӯсти он чӣ самараҳои неке додаанд.
Ба 150 миллиард сомонӣ расидани ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва ба 8,4 фоиз расидани суръати рушди воқеии он дар мамлакат ва дар панҷ соли охир 7,7 фоизро ташкил додани суръати рушди иқтисоди миллӣ дар ин замони мураккаб далелҳои хеле дурахшони рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин татбиқи нақшаю барномаҳои миллӣ мебошанд. Ва ин пешрафт- дар панҷ соли охир ба 197 миллиард сомонӣ расонидани буҷети давлатӣ ба гуфтаҳои мо ҷамъбасти дурахшону бебаҳс мегузорад.
Хусусан 20 миллиард сомониро ташкил додани хароҷоти иҷрои нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар се соли охир аз ҷониби соҳибкорон далели шоистаи ватандӯстию ватанпарварии фарзандони шоистаи ин сарзамин аст. Далели он аст, ки имрӯз воқеан ҳам мардуми хайртинати тоҷикро руҳияи ватандӯстӣ фаро гирифтааст.
Бунёди беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, 660 иншооти тандурустӣ, 480 иншооти варзишӣ, 175 иншооти фарҳангу фароғатӣ ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсолию иҷтимоӣ нишони бо садоқат ва собитқадамона қадам ниҳодан дар роҳи ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.
Далелу рақамҳо аз дастовардҳои хоҷагии халқи мамлакат хеле зиёд ҳастанд, ҳар нафар зимни хондани Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ метавонад бо онҳо шинос гардад. Мо ҳамин қадар мегӯем, ки ин ҳама далелу рақамҳо ҳосили заҳматҳои шабонарӯзии халқи заҳматпарвару ватандӯсти тоҷик бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҷолиб аст, ки дар баробари ин ҳама музаффарияти бадастомада, ки ба ҳар сокини мамлакат руҳбаландии ватандӯстона мебахшад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар ҳар банди Паём роҳнамоиҳои тоза ба тоза пешниҳод намуда, ба мақомоти дахлдор супоришҳо медоданд. Аз ҷумла, ин супориши Президенти Тоҷикистон, ки соли 2025 заминаи рушди иқтисодии мамлакат бояд на кам аз 8 фоиз таъмин карда шавад. Ва ё андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули иқтисоди «сабз», рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ.
Дар мавриди баррасии ҳар масъалаю ҳар боб дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ маслиҳату роҳнамоиҳои ҷолибу ғамхоронае бо ҳадафҳои мушаххас бобати рушди миллӣ гузошта мешуданд. Аз ҷумла, ин супориш:
“Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо назардошти амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида то охири соли 2025 лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд”.
Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкорию навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шуруъ аз масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон то ба масъалаҳои пардохти ғайринақдӣ, ки нишону дастоварди кишварҳои мутараққӣ аст, таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия ва хусусан ҳамасола идома додани раванди ҳаҷми пешниҳоди қарз ба иқтисодиёт ва пешбурди иқтисоди рақамӣ, бо фарогирии ноҳияҳои дурдасти мамлакат мубрамтарин масъалаю нақшаҳо матраҳ карда шуданд. Дар ин радиф яке аз масъалаҳои ҷиддии рӯз тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот ва тарбияи кадрҳо буд.
Президенти Тоҷикистон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд.
Дар ин раванд муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста шуд.
Дар ин робита пешниҳод дар мавриди таъсис додани Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҷумлаи ҳадафҳои дурбинонаи Президенти Тоҷикистон мебошад. Ҳадаф аз ин иқдом ба ин донишгоҳ додани мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони ин самт мебошад, то дар ин асос дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд.
Яке аз масъалаҳои ҷиддӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ чораҷӯӣ аз ҷониби Ҳукумат барои фароҳам овардани шароити мусоид бобати пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат мебошад.
Андешаҳои саривақтии Президенти Тоҷикистон дар самти санҷиши субъектҳои хоҷагидор, татбиқи ислоҳот ва фаъолияти мақомоти санҷиш ҷолиб ва саривақтӣ буда, Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки шумора ва муҳлати гузаронидани санҷишҳо маҳдуд ва сифатнокии онҳо таъмин карда шавад. Ва ин пешниҳод бо овардани далелҳои баэътимод аз ҷониби Президенти Тоҷикистон асоснок карда шуд, ки далели риоя нагардидани қонунгузории андоз аз ҷониби баъзе субъектҳои хоҷагидор ва сатҳи пасти фарҳанги андозсупории онҳо мебошад.
Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ зарур аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад.
Яке аз нуктаҳои ҷолиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки аз ҷониби ҳозирин бо кафкӯбиҳо хуш истиқбол ёфт, бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ эълони мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мебошад.
Метавон аз дастовардҳо дар соҳаи энергетика, хосса таъмиру бозсозии агрегатҳои неругоҳҳои барқӣ дар «Қайроққум», «Норак», комёбиҳо дар «Роғун»; бунёди роҳҳои наву таҷдиди роҳҳои куҳан дар саросари мамлакат; рушди соҳаи сайёҳӣ, ки самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии ҷумҳурӣ аст; истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ; истифодаи самараноки ҳар порча замин; равнақи соҳаҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ ва таъмин намудани рушди инноватсионии соҳа; коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, ташкили ҷойи нави кор, инчунин нигаҳдорию афзоиш додани содироти он ба хориҷи мамлакат низ ёдовар шуд.
Далели хурсандибахши дигар ин аст, ки соли 2024 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023 беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Яке аз нуктаҳои ҷолиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми мамлакат ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баланд бардоштани маошу нафақаи шаҳрвандон ва ба 1000 сомонӣ расонидани ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебошад.
Рушди маориф чун ҳамеша дар мадди аввали сиёсати дохилии Ҳукумати Тоҷикистон меистад. Дар панҷ соли охир бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз ҳазор муассисаи таҳсилоти умумӣ нишони ин аст. Далели дигари ғамхориҳо дар соҳаи маориф ин аст, ки имрӯзҳо 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ мавриди тадбиқ қарор дорад. Дар муқоиса бо 3229 муассисаи таҳсилоти умумии соли 1991, ки дар онҳо 1,3 миллион хонанда таҳсил мекард, имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии тарзи нав фаъолият доранд, ки шумораи хонандагонашон ба 2 миллиону 300 ҳазор нафар мерасад.
Ҳамчунин дар муқоиса бо 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ, ки соли 1001 амал мекард, имрӯз шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни он ба зиёда аз 214 ҳазор расидааст.
Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки беш аз 30 фоизашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар робита ба ин бори дигар аз ҷониби Президенти Тоҷикистон талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ бобати касбияти баланд доштани мутахассисони омодашаванда ва донистани хуби забонҳои хориҷӣ таъкид карда шуд.
ПАЁМЕ, КИ САЛОМИ САРВАРИ МОСТ
Хушо, арзи Паёми Сарвари мо!
Шукуҳи тозаи болу пари мо!
Ба он лафзи биҳиштӣ шуд ироа,
Ба лафзи модари бахтовари мо.
Паёме, ки ҳама нуру навид аст,
Чу Хуршеди самои Ховари мо.
Парафшон чун кабӯтарҳои некист,
Ҳаворо пок дорад бар сари мо.
Паёме, ки ба ҳар дил меҳр корад,
Чу гармии дуои модари мо.
Ба ҳар нукта, ба ҳар ҳарфаш фузунтар
Бувад дар ҷисму дар ҷон бовари мо.
Фурӯғи бахти халқи некойин
Дурахши тоза дорад дар фари мо.
Паёми сулҳу ишқу дӯстдорист,
Паёми нусрату файзи дари мо.
Паёми муждаи фардои некӯст,
Паёми нуру фар дар пайкари мо.
Паёми офтоби сулҳу ишқ аст,
Паёми миллати сулҳофари мо.
Гувоҳи он ки ҷуз пайки сафо нест
Умеди аввалину охири мо.
Паёме, ки саломи мо ба дунёст,
Паёме аз фурӯғи мазҳари мо.
Хушо Сарвар, ки орад муждаи хайр,
Зи қалби миллати хушгавҳари мо!
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»