ПАЁМ — РОҲНАМО БА СӮИ СОЗАНДАГӢ. Ба ҷои исрофкории беҳуда ва худнамоишдиҳии бемаънӣ ба корҳои хайру ободонӣ бояд рӯй биёрем
ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таъкидҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба ҷойи адои ҳаҷи такрорӣ ё умра даст задан ба ободкорию созандагӣ, дастгирӣ намудани ятимону ниёзмандон ва анҷоми дигар корҳои хайр натиҷаҳои назаррас ба бор меоранд.
Он гуна ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 таъкид шуд, танҳо соли 2024 дар мамлакат ба маблағи зиёда аз як миллиард сомонӣ беш аз ду ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардида, бунёду навсозии 23 пул ба анҷом расид. Дар ин корҳои хайру ободонӣ саҳми соҳибкорону сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад ва ҳамчунин баъзе аз ин корҳо бо маблағи барои ҳаҷҷи такрорӣ ва умра ҷамъовардаи сокинон иҷро шудаанд.
Воқеан, пас аз шунидани ҳидоятҳои Пешвои миллат, махсусан суханронии пурмуҳтавояшон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки моҳи марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, боиси таҳаввули ҷиддӣ дар тафаккури ҷомеа гардид, имрӯз дар шаҳру навоҳии мамлакат, ҳатто дар дурдасттарин деҳоти Тоҷикистон мардум бо маблағи бо мақсади ҳаҷу умраи такрорӣ ҷамъовардаашон роҳ обод мекунанд, пул месозанд, дасти ятимону бечорагонро мегиранд ва ба ин васила аз ҳаҷи такрорӣ ё умра ҳам савоби бештар дармеёбанду ҳам номи неку фардои обод.
Зеро акнун бисёре аз мардуми мамлакат огоҳ гаштаанд, ки тибқи фармудаи шариати исломӣ, ҳаҷ ва умраи такрорӣ ибодати нофила буда, аз рӯи дараҷа ва савобу подош аз садақаи ҷория поёнтар аст ва бо дарки манзалати садақаи ҷория ба ҷои анҷоми ҳаҷу умраи такрорӣ ба корҳои хайру писандидае, чун бунёди иншооти таъйиноти иҷтимоӣ ва таъмири роҳу бунёди пулҳо даст мезананд.
Албатта, дар як соли охир тамоюли мардум ба адои ҳаҷи такрорӣ ва умра рӯ ба коҳиш овардааст, аммо ҳанӯз ҳам дар ин самт вазъият куллан қаноатбахш нест ва корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ байни мардум вусъати бештар мехоҳанд. Зеро ҳанӯз ҳам дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки адои ҳаҷро аз рӯи андешаҳои бепоя ба тақлиду мусобиқаю худнишондиҳӣ табдил додаанд. Сазовор шудан ба номи “ҳоҷӣ”-ро ҳам ҳамчун нишонаи имондорӣ ва дороии хеш медонанд. Ба ин назар ҳастанд, ки ҳар қадаре бештар хонаи Худоро зиёрат намоянд, обрӯяшон дар байни ҷомеа зиёдтар мешавад.
Барои шарҳи ин матлаб ва тавзеҳи ин нуктаи муҳим, яъне дараҷаи болотар доштани садақаи ҷория аз ҳаҷи такрорӣ ва умра аз ҳама бештар бояд ходимони дини мамлакат фаъол бошанд ва дар ин самт масъулияти шаҳрвандиву имонии худро нодида нагиранд.
Ҳар нафари огоҳ аз шариати исломӣ медонад, ки пул сохтан, роҳ бунёд намудан, ободнамоии деҳаву манзил, маҳалли зист, хати об овардан, сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар корҳои нек ҳама садақаи ҷория, яъне давомдор ҳастанд, чун барои мардум муддати дароз фоида мерасонанд ва дигарон аз онҳо солҳо баҳра мебаранд. Подошу аҷре, ки барои иҷрои чунин амалҳои хайр аз ҷониби Худованд дода мешавад, аз ҳаҷ ва умраи такрорӣ бисёр бузургтар аст.
Ҳамаи мо, мардуми Тоҷикистон ҳамасола Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро бесаброна интизор мешавем, зеро он як суханронии одӣ не, балки натиҷагирӣ аз соли гузашта, таҳлили вазъи мавҷуда ва барномаи кор барои оянда мебошад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки корҳои ободкорию созандагӣ дар мамлакат дар чанд соли охир вусъати тоза пайдо карда, Ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда барои мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро амалӣ менамояд. Дар ҳама ин корҳо соҳибкорон ва сокинони мамлакат низ саҳми назаррас мегузоранд. Аз ин ҷост, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ доир ба ин нукта бамаврид ишора намуданд: “Барои иҷрои нақшаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси мамлакат дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд”.
Воқеан, ҳамаи ононе, ки ватандӯстанд, ақлу хирад доранд, худрову Худоро мешиносанд ва ҳам аз улуми динӣ бохабар ҳастанд, хуб медонанд, ки Пешвои миллат моро ба сӯи исломи ростин ҳидоят менамоянд. Мехоҳанд, ки хурофоту таассубу тақлидкорӣ аз зеҳни мо ва аз зиндагии мо зудуда гардад, мардуми тоҷик ҳамеша осуда бошанд ва ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар ноил гарданд. Бо дарки ин ҳақиқат ва ин воқеият онҳо кӯшиш менамоянд, ки дар атрофи Пешвои маҳбуби миллат муттаҳид шаванд, ба қадри тавон дар ободии Ватан саҳм гузоранд ва дасти кумак ба ниёзмандон дароз кунанд.
Аммо онҳое, ки дар банди кибру ғурур ва андешаи носолиму хурофоту ҷаҳолат мондаанд, ягона роҳи соҳибобрӯ шудан дар ҷомеаро дар риёву худнамоӣ, аз ҷумла ҳаҷ ва умраи такрорӣ мебинанд.
Тибқи талаботи шариат, муҳимтарин шарти ибодат он аст, ки бе риёву худнамоӣ анҷом пазирад. Аммо баъзе аз зоирон, чӣ ҳоҷиён ва чӣ умракунандагон бо расидан ба он макони муқаддас нахустин коре, ки мекунанд, худро акс мегиранд ва онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд. Яъне, “бубинед, ман боз ҳоҷӣ шудам”. Агар зиёрат хос барои Худо бошад, ин худнишондиҳӣ чаро? Ё баъди баргаштан тарзи либоспӯшиашонро дигар менамоянд, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон карда, маъракаи манъшудаи ҳоҷизиёрату ҳоҷиталбону ҳоҷибинон меороянд, ки ҷуз тафриқаандозию намоишкорӣ чизи дигаре нест. Яъне, бубинед, ки чунин ашхос нишон доданӣ мешаванд, ки то чӣ андоза дасти дароз ва аз дигарон бартарият доранд. Аммо дар ҳамсоягияшон кӯдаки ятиме бошад, онро намебинанд, пири барҷомондае бошад, хабараш намегиранд, оилаи тангдасте бошад, аҳаммият намедиҳанд. Магар ин мусулмонӣ аст? Не, албатта! Ва ин кор, яъне шуҳратталабию намоишкорӣ ва худро аз дигарон боло донистан на ба Худо хуш меояду на ба бандаҳои Худо.
Аммо як нуктаи дигарро ҳам бояд таъкид кард. Он гуна, ки Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат таъкид намуда буданд, “мо зидди рафтани мардумамон барои адои ҳаҷ нестем”, аммо ин раванд набояд хусусияти таассубу тақлид ва мусобиқа касб намояд.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоирин ва шахсони саховатпеша аз ҳисоби маблағи барои ҳаҷ ва умра ҷамънамудаашон ба таъмиру тармими роҳҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Дар ин раванд дар шаҳру ноҳияҳо ҳамасола садҳо километр роҳ таъмиру бозсозӣ мешаванд, синфхонаҳои иловагӣ ва муассисаҳои таълимӣ тармиму навсозӣ мегарданд, хати оби нӯшокӣ барои аҳолӣ кашида мешавад, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ ва даҳҳо пулҳои мошингузар ва дигар корҳои хайр анҷом дода мешаванд.
Тибқи маълумоти мавҷуда, маблағи кумак барои корҳои ободонӣ аз ҷониби зоирин ва шахсоне, ки маблағи сафари ҳаҷи худро ба ободонӣ равона намудаанд, беш аз 24 миллиону 613 ҳазору 850 сомониро ташкил медиҳад.
Имрӯз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сафари мардуми тоҷик ба ҳаҷ тамоми имконот ва шароити заруриро фароҳам овардааст, то зоирон бе ҳеҷ мушкилӣ ба зиёрати хонаи Худо мушарраф гарданд. Аммо ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки дар ҳама кор андоза накӯст.
То таҷлили ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар аз ду соли дигар боқӣ мондааст. Тавре ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, “мо бояд тамоми саъю талоши худро ба хотири амалӣ намудани корҳои ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешбинигардида, яъне ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон равона созем”.
Боварии комил дорам, ки пас аз шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мардуми шарифи тоҷик ба ҷои исрофкориҳои беҳуда ва худнамоишдиҳиҳои бемаънӣ ба ободкорию созандагӣ рӯй меоранд ва талош меварзанд, ки барои ба таври сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ободии рӯзафзуни Ватани маҳбубамон саҳми шоиста гузоранд.
Абдуғаффор ЮСУПОВ,
сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон