Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои рушди иқтисоди миллӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 04.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳруии Тоҷикистон» паҳлуҳои гуногуни соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро фаро гирифта, барои ҳар сокини мамлакат роҳнамои асосии зиндагӣ мебошад. Ин нуктаро дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» устоди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Эҳсон Давлатзода таъкид намуд.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ чун ҳамасола самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муфассал таҳлил намуда, барои рушду такомули соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва илму фарҳанг пешниҳодоти ҷолиб манзур намуданд, ки барои пешрафти тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа чун ҳуҷҷати роҳнамо хизмат менамоянд. Ин ҳуҷҷати муҳим фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтаанд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барномаи таҳлили рушди ҳамаҷонибаи мамлакат барои солҳои оянда аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо овардани далелҳои муътамад бори дигар ба дурнамои рушди ояндаи Тоҷикистон назари некбинона намуданд. Зеро ин ҳуҷҷат, ки метавон онро дастури роҳнамои фаъолият давоми сол номид, вазифаҳоро дар тамоми соҳаҳои афзалиятнок ба таври мушаххас муайян намудааст.
Аз Паёми соли 2023 то Паёми соли 2024 дар ҷумҳурӣ хеле дигаргуниҳо ва дастовардҳои назаррас ба амал омаданд. Дар заминаи амалӣ гардидани ин тадбирҳо ба пешрафти ҷумҳурӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими он заминаи қавӣ гузошта шуд.
Ҳарчанд иқтисодиёти муосири Тоҷикистон хусусияти иқтисоди давраи гузаришро пурра таҷассум менамояд, вале дар навбати худ ҳамчун иқтисоди кушод ба андозаи муайян таҳти таъсири бевоситаи омилҳои берунӣ ва шароити бозори ҷаҳонӣ қарор дорад. Бинобар ин, барои минбаъд низ дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодиёти мамлакат ва пешгирӣ намудани таъсири омилҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ бо он, пешбурди сиёсати бомароми молиявӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ва таъмин намудани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар шароити асосии замони муосир ҳадафи асосии давлат, пеш аз ҳама, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути амалӣ кардани ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти он, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойи нави кор мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ инчунин таъкид намуданд, ки дастгирии соҳибкорӣ самти афзалиятноки ҳукумату давлат ба шумор рафта, дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Бо вуҷуди ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари дахлдор вазифадор шудаанд, ки барои беҳсозии сиёсати соҳа ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, тақвият бахшидан ба рушди истеҳсолот, иқтидори содиротӣ, рақобатпазирӣ ва воридотивазкунии маҳсулот тавассути ҳамкории босамари шарикии давлат ва бахши хусусӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Ба ин нукта мароқ зоҳир намудан, албатта, бесабаб нест, зеро дар фаъолияти ҳамарӯза мо бо ин гурӯҳи ҷомеа, яъне тоҷирону соҳибкорон бештар сарукор дорем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бамаврид иброз доштанд, ки «бо мақсади танзими самараноки бозори меҳнат зарурати таҳияи сиёсати фаъоли шуғли аҳолӣ ва механизмҳои самарабахши ташкиливу иқтисодии бунёди ҷойҳои нави корӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёт ба миён омадааст. Аз ин рӯ, бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ бояд зери таваҷҷуҳи доимии тамоми сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ қарор дода шавад».
Аз ин рӯ яке аз самтҳои фаъолияти навбатии мо дар татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз он иборат аст, ки ин пешниҳоди Президенти мамлакатро ба соҳибкорон фаҳмонем. Баъди омӯзиш ва баррасии ин ҳуҷҷати муҳим барои амалӣ гардидани нишондодҳои Паём нисбат ба рушди соҳибкории хурду миёна ва озодиҳои иқтисодӣ, муносибат бо соҳибкорон ва тарзи корбарии кормандон бояд ба куллӣ тағйир дода шавад.
Бояд эътироф намоем, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ неруи созандагӣ ва саъю кӯшиши бунёдкоронаи ҳамдиёронамон барои ободонии мамлакат афзуда, сатҳи худшиносӣ, ифтихори миллӣ, масъулияти ватандӯстӣ ва шаҳрвандии онҳо хеле боло рафтааст.








СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид






