Рӯзи байналмилалии энергияи тоза. Тоҷикистон давлати пешсафи ҷаҳонӣ дар истеҳсоли энергияи таҷдидшаванда муаррифӣ шуд

Январь 25, 2025 12:02

ДУШАНБЕ, 25.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 январ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинии махсус бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии энергияи таҷдидшаванда иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид.

Ҷонибек Ҳикмат мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳонӣ дар истеҳсоли энергияи таҷдидшаванда муаррифӣ намуд ва таъкид кард, ки беш аз 98%-и барқи мамлакат аз манбаъҳои энергияи обӣ истеҳсол мешавад. Ҳамзамон дар бораи иқтидори энергияи таҷдидшаванда дар Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва хати интиқоли барқи CASA-1000, ки ба манфиати минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ равона гардидааст, маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон инчунин аҳаммияти вусъат додани сармоягузорӣ ба инфрасохтори энергияи «сабз», мубодилаи технологияҳо ва таҳкими иқтидори миллӣ барои таъмини рушди устувори энергияи таҷдидшавандаро таъкид намуд.

Зимни баромад нақши муҳими энергияи таҷдидшаванда дар ноил шудан ба Ҳадафи 7 рушди устувор (ҲРУ7) ва ҳалли мушкилоти вобаста ба  тағйирёбии иқлим таъкид шуда, зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини дастрасии энергияи устувор, бахусус ҷомеаҳои осебпазир махсусан таъкид гардид.

АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Январь 25, 2025 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд