РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст

Январь 2, 2025 20:06

ДУШАНБЕ, 02.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Панҷакент чун яке аз қадимтарин шаҳрҳои минтақа бо таърихи чандҳазорсолааш маҳалли тамаддун ва ҳунармандӣ будааст. Мероси фарҳангии он, аз ҷумла осори бостонӣ, фарҳангу таърих, анъанаҳои ҳунармандӣ шаҳодати равшани маданияти баланди шаҳрдорӣ ва рушди ин макон аст. Дар ин ҷо ҳамеша ҳунармандон – чирадастоне зиндагӣ ва фаъолият мекарданд, ки бо санъати дастӣ, зебоии табиӣ ва офаридаҳояшон маъруф ҳастанд. Ҳамин аст, ки ҳунарҳои дастии ҳунармандони ин минтақа сайёҳон ва сармоягузоронро бештар ҷалб менамоянд.

Имрӯз низ шаҳри Панҷакент бо ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои қадимии тоҷикон шуҳрати хосса дорад. Яке аз ҳунарҳои машҳури ин шаҳр, ки дар мамлакат ва берун аз он шуҳрат ёфтааст, сӯзании Панҷакент мебошад. Сӯзанӣ як навъ ҳунари гулдӯзӣ аст, ки дар он ҳунармандон бо истифода аз риштаҳои ранга ва абрешим барои ороиш додани матоъҳо нақшҳои зебо месозанд.

Сӯзании Панҷакент бо нақшҳои табиӣ оро дода шуда, ҳар тасвир ё нақш маънои хос ва рамзи миллӣ дорад. Барои баргардонидани эҳсоси таърихии хунар ҳунармандони Панҷакент нақшҳои хоси гулдӯзии тоҷикона-«сӯзанӣ»-ро бо дасти худ эҷод мекунанд.

Маҳз ҳунари волои занони ҳунарманди ин шаҳр буд, ки соли 2025 аз ҷониби «Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ» шаҳри Панҷакент расман «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» эътироф гардид. Ин иқдом баёнгари зарофати ҳунар ва анъанаҳои қадимаи сӯзанидӯзӣ аст, ки дар умқи таърихи шаҳри бостонии Панҷакент ҷой гирифтааст.

Дар ин замина ба муносибати ворид шудани Панҷакент ба Феҳристи «Шаҳрҳои ҷаҳонии ҳунармандӣ» дар шаҳри Панҷакент Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор гардид. Дар доираи фестивал намоиши сӯзании ҳунармандони ин шаҳр, хусусан ҳунармандони маҳаллӣ доир шуд.

Дар намоишгоҳ намунаҳои аслии сӯзании Панҷакент бо тарҳҳои замонавӣ ва анъанаҳои омехта ба тамошобинон нишон дода шуданд.

Занони ҳунарманди шаҳри Панҷакент дар ин фестивал сӯзание дар ҳаҷми шаш ба се метр омода карда, ба намоиш гузоштанд. Онро 35 нафар зани ҳунарманд бо шогирдонашон дар 25 рӯз бо панҷ миллион кӯк омода кардаанд.

Метавон гуфт, ки сӯзанӣ бо ин ҳаҷму нақш, ки ифодагари анъанаҳои қадимии сӯзанидӯзӣ дар ин минтақаи бостонии Тоҷикистон аст, орзую омол, дидгоҳи нақшофарон, неруи қавӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳунари волои занони тоҷикро ифода менамояд.

Коршиносони байналмилалӣ сӯзании Панҷакентро намунаи олии ҳунар ва таҳаммулпазирии занон номиданд. Ин намоишгоҳи хос, ки ба ифтихори ворид кардани Панҷакент ба Феҳристи «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» баргузор шуд, рамзи пайдарпайии наслҳо, ташаккул ва рушди ҳунарҳои дастии тоҷикон аст.

Дар маҷмуъ, Фестивали «Сӯзании Панҷакент» саҳми арзандаи фарҳангӣ буда, дар рушд ва эътирофи санъати ҳунарии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим арзёбӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки Панҷакент бо таърихи бой ва фарҳанги қадимии худ яке аз марказҳои бузурги санъат ва ҳунар дар Тоҷикистон аст. Саразми бостонӣ, ки зиёда аз 5500 сол дорад, яке аз ёдгории фарҳангии ҷаҳонӣ аст, ки таърихи гулдӯзӣ ва сӯзанидӯзии Тоҷикистонро дар худ ҷой медиҳад. Бо эътирофи Панҷакент ҳамчун «Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ» ин шаҳр ба маркази пешрафти фарҳанг ва ҳунар табдил ёфтааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Январь 2, 2025 20:06

Хабарҳои дигари ин бахш

33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст