«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид

Апрель 9, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 09.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Сафармуҳаммад Айюбӣ таҳти унвони «Марди арсаи ҳунар» китоб ба нашр расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ин китоб туҳфаи хуб ба дӯстдорони адабиёт, муҳаққиқон ва ҳаводорони эҷодиёти устод Сафармуҳаммад Айюбӣ мебошад, зеро дар он ба симои адабию эҷодии шоир аз дидгоҳҳои мухталиф баҳо дода шудааст. Китоб бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти «Эр-граф» чоп шуда, аз 7 боб ва бахши алоҳидаи аксҳои таърихии шоир иборат мебошад.

Дар маҷмуа хотираҳо, мусоҳибаҳо, лутфҳо, сӯгномаҳо ва шеърҳои эҳдошуда ба устод Сафармуҳаммад Айюбӣ гирдоварӣ гардидаанд.

Мақолаҳо ва дигар маводи дар китоб ҷойкардашуда ба қалами аҳли илму адабу фарҳанги ҷумҳурӣ ва шахсиятҳои шинохтаи илму адаби хориҷӣ тааллуқ доранд. Онҳо ба таври фарогир рӯзгор, фаъолияти эҷодӣ ва арзиши осори устодро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Ин маҷмуаро Симо Айюбӣ (духтари шоир) ва Муҳаммади Ғанизода (набераи шоир) омода намудаанд.

Бояд гуфт, ки Сафармуҳаммад Айюбӣ соли 1945 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Шоир ҳамчун мухбир дар рӯзномаю агентиҳои «Бо роҳи Ленинӣ», «Хатлон», ТоҷикТА, ТАСС ва ИтарТАСС (1976-1993) кор карда, баъдан ҳамчун сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ (1995-1997) ва мудири шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (1997-2008) фаъолияти эҷодӣ бурдааст.

Муаллифи маҷмуаҳои «Гули гандум» (1980), «Роҳи сафар» (1984), «Шохаи барқ» (1986), «Фалаки роғӣ» (1990), достонҳои «Хоҳиши дарё» (1990), «Мунзим» (1990), «Вафои Зарробӣ» (2001), «Маснавии мирӣ» (2001), «Шаҳриёрнома» (2002) ва ғайра мебошад. Наздик ба 200 драмаи манзуму мансур офаридааст, ки «Фишор» (1984)-у «Заволи Чамбули Мастон» (1997) дар Фестивали театрҳои касбии Тоҷикистон беҳтарин шуморида шуда, соҳиби ҷоизаи олии фестивал- «Гран-при» гардидаанд. Дар заминаи сенарияҳои Сафармуҳаммад Айюбӣ 10 филми телевизионӣ ба навор гирифта, калонтарин чорабиниҳои тантанавии давлатии солҳои 1994-1997-и пойтахт ва консертҳои ҳукуматӣ таҳия ва баргузор шудаанд.

Сафармуҳаммад Айюбӣ Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1995), Шоири халқии Тоҷикистон (1999), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2000) ва Ҷоизаи олии Иттиҳодияи арбобони театрии Тоҷикистон «Ноҳид» (1994) мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 9, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид