«САЙРИ САДА». 1 феврал барои меҳмонон ва сокинони пойтахт хатсайрҳои сайёҳии ройгон ташкил мешаванд
ДУШАНБЕ, 28.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 феврал бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои меҳмонон ва сокинони пойтахт хатсайрҳои сайёҳии «Сайри Сада» ба таври ройгон ташкил карда мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Ин хатсайрҳо бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ дар доираи таҷлили ҷашни Сада бо иштироки намояндагони корпуси дипломатӣ, донишҷӯёни хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, сайёҳони хориҷӣ, роҳбарону кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, занон, ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ташкил мешаванд.
Дар доираи хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» роҳбаладон бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ таъмин гардида, доир ба имконоти сайёҳии шаҳри Душанбе ва моҳияти ҷашни Сада маълумоти мушаххас пешниҳод менамоянд.

«Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ имкон доранд иштироки меҳмонону сайёҳонро дар хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» тавассути саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), Телеграмм (dushanbe.travel) ва Tik Tok (dushanbe.travel), почтаи электронӣ: rushdi.sayohi@gmail.com ва шахси масъули тамос: 2231829; 917370707; 003881616 (тариқи WhatsApp) номнавис намоянд ва аз ин хатсайрҳо ройгон истифода баранд», — шарҳ доданд дар шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Ҷамъшавии иштирокдорон соати 8:00-и 1 феврал дар назди Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба нақша гирифта шуда, соати 8:30 ҳаракат ба макони таҷлили ҷашни Сада – Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ оғоз мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон метавонанд барои муаррифии таъриху фарҳанг, урфу одат, имконияти сайёҳии мамлакат ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ хизмат намоянд.
АКС: Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе/АМИТ «Ховар»








МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад






