Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Январь 9, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 09.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи Прокуратураи генералӣ, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Сардорони як қатор раёсатҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Конибодом, Турсунзода, Рашт, Фархор, Носири Хусрав, Балҷувон, прокуророни ҳарбии гарнизонҳои Бохтару Суғд аз ҳисоби кадрҳои ҷавону кордон ва соҳиби таҷрибаву собиқаи корӣ дар мақомот таъйин гардиданд.

Дар ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиа, низ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, командирони баъзе аз  воҳидҳои низомӣ ва комиссарони ҳарбии як қатор шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби афсарони соҳибтаҷрибаву хатмкардагони ду муассисаи олии низомӣ ба ин вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъйин гардиданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони баъзе аз раёсатҳо ва шуъбаву марказҳои таълимии Гвардияи миллӣ низ аз ҳисоби афсарони касбӣ ва мутахассисони соҳа ба ин воҳидҳои низомӣ таъйин гардиданд.

Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи мураккабу пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуданд, ки дар чунин шароити ҳассосу хатарзо вазифаи ҳар як роҳбару фармондеҳ ва хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот аз таъмини амнияту суботи давлат, ҳимояи марзу буми кишвар ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ иборат буда, дар ин самт бояд ҳушёру зирак бошанд ва вазифаҳои хизматии худро дар асоси оинномаҳо ва дастурамалҳои низомӣ ба роҳ монанд.

Мубориза бар зидди ҳамагуна  қонунвайронкуниҳо, аз ҷумла коррупсия, муносибатҳои ғайриоинномавӣ, таъмини фазои солими хизмати ҳарбӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ, омодагии ҷисмонӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати тарбияи ватандӯстӣ миёни ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ аз мавзуъҳои асосии суҳбат буд.

Январь 9, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд