ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
ДУШАНБЕ, 06.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз сомонаи АМИТ «Ховар» 7 миллиону 26 ҳазору 323 маротиба дидан кардаанд, ки нисбат ба соли 2023 3 миллиону 225 ҳазору 989 маротиба ё беш аз 84,9% фоиз зиёд мебошад. Соли 2023 ин шумора 3 миллиону 800 ҳазору 334 маротибаро ташкил медод. Чунин маълумотро ба мо хадамоти русии liveinternet.ru, ки ба ҷамъоварӣ ва таҳлили ченакҳои самароникии сомонаҳо машғул аст, пешниҳод намуд.
Ҳамчунин соли 2024 теъдоди воридшавандагон ба сомонаи Агентӣ ба 2 миллиону 88 ҳазору 539 нафар расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 (623 905 нафар) 1 миллиону 464 ҳазору 634 нафар ё беш аз 234,7% фоиз зиёд мебошад.
Тибқи маълумот, шумораи воридшавандагон аз ҳисоби мардон дар соли 2024 66,5% ва занон – 33,5%-ро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод ба синни аз 18 то 24-сола – 23,6%, аз 25 то 34-сола — 37,5%, аз 35 то 44-сола – 27,3% ва аз 44-сола боло – 11,5% рост меояд.
Моро дар зиёда аз 100 давлати ҷаҳон мехонанд. Ба бистгонаи давлатҳое, ки соли 2024 бештар дар онҳо ба сомонаи мо ворид шудаанд, Тоҷикистон, Русия, Британияи Кабир, Узбекистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Олмон, Фаронса, Қирғизистон, Беларус, Нидерланд, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Полша, Амороти Муттаҳидаи Араб, Озарбойҷон, Швейтсария, Литва ва Ҷопон дохил мешаванд.
Сохтори гузариш ба саҳифаҳои сомона чунин аст: тариқи системаҳои ҷустуҷӯӣ – 41,9%, дохилӣ – 39,5%, ба воситаи саҳифаҳои иловагӣ – 14,7%, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ – 2,1% ва аз сомонаҳои дигар – 1,9%.
Асосан тавассути системаҳои ҷустуҷӯии «Google» (89,5%), «Яндекс» (10,4%), «Яндекс (аксҳо)» «Rambler», «Bing», «Search.Mail.ru», «Baidu» ва ғайра ба сомонаи АМИТ «Ховар» гузариш анҷом дода шудааст.
Ба сегонаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки тавассути онҳо ба сомона гузариш шудааст, «facebook» (99.8%), «vkontakte» (0.1%) ва «odnoklassniki» (0.1%) дохил мебошанд.
Албатта, чунин теъдоде аз корбарони интернет ба барномаҳои Радиои «Ховар» низ дар басомади 101,5 FM дастрасӣ дошта, метавонанд дар сомонаи www.khovar.tj мустақиман барномаҳои онро бишнаванд.
Ёдовар мешавем, ки АМИТ «Ховар» имрӯз ягона агентии иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки мақоми расмӣ дорад. Он дорои ҳуқуқи эксклюзивии ҷамъоварӣ ва паҳни иттилоот ва санадҳои расмӣ оид ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуқуқи шарҳи онҳо мебошад.
Агентӣ таъминкунандаи боэътимоди иттилооти саривақтӣ ва муътамад оид ба рӯйдодҳои тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мебошад. Маводи паҳнкардаи агентӣ аз ҷониби истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ, доираҳои тиҷоратӣ, вазорату идораҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида дар Тоҷикистон ва берун аз он фаъолона истифода мешаванд.
Иттилооти АМИТ «Ховар» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва ҳуруфоти форсӣ паҳн карда мешавад. Агентӣ бо агентиҳои иттилоотии пешрафта, хадамот ва марказҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ робитаҳои мутақобили судманд дорад.
Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








СОҲИБКОРИИ ИСТЕҲСОЛИИ ИННОВАТСИОНӢ. Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони Тоҷикистон
МАҶМААИ САЙËҲИЮ ИСТИРОҲАТИИ «ЧОРЧАМАН». Маконе, ки чашм аз тамошои он серӣ надорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
АЗ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ТО ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Марҳилаи нави ислоҳоти идоракунии давлатӣ
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад






