Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири Дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Январь 23, 2025 11:04

ДУШАНБЕ, 23.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломе Штайб мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ роҷеъ ба ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, фарҳанг, инчунин татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ дар доираи Роҳбурди Швейтсария барои Осиёи Марказӣ гуфтугӯ карда шуд.

Ҳамчунин тарафҳо барои амалинамоии иқдоми муштараки минбаъда дар чаҳорчӯби Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 майи соли 2025, ш. Душанбе) изҳори мувофиқат карданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 23, 2025 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба корҳои Аврупо мулоқот намуд
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори саноатии вилояти Брест шинос гардид
Дар Қоҳира масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти таблиғи фарҳанги сулҳ баррасӣ шуданд
Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири нави Кувайтро қабул намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи иртибототи глобалӣ баррасӣ гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Покистон баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд