Соли 2024 Маркази миллии қонунгузорӣ 9 санади меъёрӣ-ҳуқуқиро аз экспертиза гузаронид

Январь 31, 2025 16:55

ДУШАНБЕ, 31.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024  9 санади меъёрии ҳуқуқиро бо мақсади мутобиқ намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронид, ки дар натиҷа 113 таклифи илмӣ рӯйи кор омад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори марказ Иззатулло Саидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба иттилои директори марказ, дар ин давра аз ҷониби таҳиякунандагон ба Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 35 огоҳинома дар бораи омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки боиси таҳлили таъсири танзимкунӣ мегардад, бо мақсади гузаронидани машварати оммавӣ ҷойгир карда шуд.

«Нисбат ба 26 огоҳиномаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ хулоса доир ба гузаронидани машварати оммавӣ пешниҳод шуд. Ба 16 лоиҳа хулосаи таҳлили таъсири танзимкунӣ пешниҳод гардид, ки 80 таклифу пешниҳодро дар бар мегирад. Нисбат ба 33 лоиҳаи таҳиякунандагон хулоса вобаста ба фарогир будан ба таҳлили таъсири танзимкунӣ пешниҳод шуд», -илова кард Иззатулло Саидзода.

Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод таҳия намояд. Ҳамчунин он таҳқиқоти муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Январь 31, 2025 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд