Соли нави «рақамӣ»: Чӣ тавр муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» наздикони худро табрик намуданд

Январь 7, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 07.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 580 Тб интернет ва зиёда аз 70 миллион зангҳо – чунинанд натиҷаҳои фаъолнокии муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар соли нави мелодӣ. 31 декабр ва 1 январ шабакаи оператор рекорди навбатии «идона» гузошт: трафики овозӣ дар муқоиса ба соли гузашта 4 фоиз ва таҳвили маълумот 14 фоиз афзоиш ёфт.

Пеш аз соли нави мелодӣ муҳандисони ширкат аудити анъанавии фаъолияти шабакаро дар шаҳрҳои калонтарини Тоҷикистон – Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб баргузор намуданд. Қобилияти гузариши пойгоҳҳои базавӣ дар маконҳое васеъ карда шуд, ки дар онҳо афзоиши назарраси трафики «солинавӣ» пешгӯӣ шуда буд. Дар баробари ин имконияти пайвасткунӣ ба хатҳои сарбориашон нисбатан камтар таъмин карда шуд. Шаби соли нав мутахассисони техникӣ дар реҷаи махсусан фаъол кор карда, фаъолияти устувори шабакаро ҳатто дар муддате, ки  сарбории шабака ниҳоят зиёд буд, таъмин намуданд.

Корҳои дигари нақшавӣ низ барои омодашавӣ ба афзоиши трафик анҷом дода шуданд. Ҳамин тавр, дар охири соли 2024 МегаФон Тоҷикистон дар ҳудуди тамоми ҷумҳурӣ зиёда аз 70 пойгоҳи нави базавиро ба кор даровард. Диққати махсус ба манбаъҳои захиравии неру, ки бо онҳо иншооти алоқаи ширкат таъмин карда шудаанд, зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, хизматрасонии нақшавии техникӣ, таъмир ва иваз кардани таҷҳизот бо намудҳои нисбатан муосир иваз карда шуданд. Ин корҳо зиёда аз 230 дастгоҳи дизелӣ-генераторӣ, беш аз 500 батареяи аккумуляторӣ ва 25 трансформаторро фаро гирифтанд. Ҳама майдонҳои пойгоҳҳои базавӣ, ки дар онҳо дизел ба кор бурда мешавад, пурра бо маводи сӯзишворӣ таъмин карда шуданд. Натиҷа – ҳатто дар вақти сарбории бениҳоят баланд дар соли нав шабакаи оператор дар реҷаи штатӣ фаъолият дошт.

Душанбе аз рӯи шумораи табрикоти идона пешсаф шуд. Дар ин ҷой муштариёни ширкат зиёда аз 750 Тб интернетро ба кор бурдаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои соли гузашта 13 фоиз зиёдтар аст. Миқдори зангҳо ба андозаи 9 фоиз афзоиш ёфт.

Дар маҷмуъ, дар ҷумҳурӣ муштариён зангҳои видеоӣ, паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро ҳарчи фаъолтар истифода мебаранд. Зиёда аз нисфи трафики умумии интернет, ки шаби соли нав истифода карда шуд, ба Instagram (550 Тб), YouTube (537 Тб) ва TikTok (332 Тб) рост омад. Ҳатто зангҳои овозӣ низ зиёдтар дар шабакаи 4G/LTE, ки барои анҷоми занг бе қатъи интернет имкон медиҳад, анҷом дода мешаванд. Дар муқоиса ба шаби гузашта афзоиши миқдори VoLTE-зангҳо 20 фоизи рекордиро ташкил дод. Лекин ирсоли SMS аз ҷониби муштариён ниҳоят кам шудааст. Агар як сол пеш миқдори чунин паёмакҳо аз 2 миллион зиёд шуда бошад, дар соли ҷории 2024-2025 он қариб 700 ҳазорро ташкил додааст. Сокинони Тоҷикистон шабакаҳои нави рақамии муоширатро интихоб менамоянд.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Январь 7, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад