ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 январ, панҷшанбе, 16-умин рӯзи соли 2025 аст

Январь 16, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 1989 дар Бразилия аввалин маротиба Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи хурд баргузор гардид.

***

16 январи соли 2009 дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода барои иштирок дар «Ҷоми мусобиқаи Иттиҳоди давлатҳои ИДМ ва Балтика» аз шаҳри Қазон ба шаҳри  Москваи Федератсия Русия рафт.

***

10 сол пеш, 16 январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи  корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расид.

***

16 январи соли 2015 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҷилди сеюми «Энсиклопедияи миллии тоҷик» бо теъдоди 5 ҳазор нусха нашр шуд.

***

16 январи соли 2016 Бонки осиёӣ-инфрасохтории сармоягузорӣ расман ба фаъолият оғоз намуд. Маросими кушодашавии бонк дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид

***

Дар ин рӯзи соли 2018 масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус муҳокима гардид.

*** 

16 январи соли 2020 дар Тоҷикистон «Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон» таъсис дода шуд.

***

16 январи соли 2023 варзишгари тоҷик Меҳроҷ Камолов дар Чемпионати кушод оид ба ҷиу-ҷитсу, ки дар шаҳри Гуанчжои Ҷумҳурии Мардумии Чин доир шуд, соҳиби 4 медали тилло гардид.

16 ЯНВАР:

Дар Тайиланд – Рӯзи омӯзгор.

***

Дар ИМА — Рӯзи озодиҳои динӣ.

Январь 16, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 март, душанбе, 61-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 март, якшанбе, 60-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 феврал, шанбе, 59-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 феврал, панҷшанбе, 57-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 феврал, чоршанбе, 56-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 феврал, сешанбе, 55-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, душанбе, 54-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, якшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, сешанбе, 48-умин рӯзи соли 2026 аст